Муаррифии ДДҲБСТ дар мулоқоти роҳбарони муассисаҳои касбии олӣ бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Ашт

09 феврали соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, тибқи ҷадвали тастиқгардидаи Раиси вилояти Суғд   вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- Саидӣ Дилафрӯз Рабизода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров- Усмонзода Аюб,  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-Шарифзода Муъмин Машокир,  муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- Мирпочоев Далер,  ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ,  ректори донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тожикистон дар шаҳри Хуҷанд Эгамов Худойбердӣ, ректори  Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Охунзода Осимхон Алихон ширкат намуданд.

Дар  даромадгоҳи  МДВ “Театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”  маҳсули  ҳунармандии хонандагони муассисаҳои таъмилии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда, баъди боздид аз тарафи меҳмонон баҳои баланд дода шуд.  

Мулоқотро раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро шодбош кард.

Дар мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода  баромад карда, доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ маълумот дод. Қайд шуд, ки ДДҲБСТ аз ҳафт факултет иборат буда, дорои шароиту имкониятҳои хуби таҳсил мебошад. Барои донишҷӯи рақобатпазир дар бозори меҳнат гардидан дар донишгоҳ тамоми имкониятҳои моддию техникӣ аз қабили марказҳои таълимиву озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири раванди таълим муҳайё карда шудааст.

Баъди муаррифӣ аз ҷониби роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо хатмкунандагон саволу пешниҳодҳои худро баён доштанд.

Чанде аз хатмкунандагон  иброз доштанд, ки баъд аз хатми муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ба хизмати Модар-Ватан рафта, қарзи фарзандии хешро ба анҷом мерасонанд . Аз ҷумла, хонандагони МТМУ №13 Ғоибов Шарифҷон, МТМУ № 6 Холмирзоев Ғуломҷон, МТМУ № 5 Аюбзода Ҳумоюн баромад намуда, қайд карданд, ки дар даъвати баҳорӣ омода ҳастанд, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд ва хизмати Ватанро анҷом дода, сипас дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсилашонро идома диҳанд.

 Роҳбарони донишгоҳҳо аз ин иқдоми ватандӯстонаи хатмкунандагон хушҳол гардида, иброз карданд, ки дари донишгоҳҳо барои ҷавонписарони ватандӯсту хештаншинос ҳамеша боз аст.

Дар идома, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой баромад намуда, вобаста ба дастъовардҳои соҳаи маъориф ва имкониятҳои васеи интихоби боргоҳи таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идома, хатмкунандагон вобаста ба шароит ва имтиёзҳои донишгоҳҳо аз роҳбарони муассисаҳои тасилоти олии касбӣ пурсиш намуда, ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир  ҳамчун рамзи эҳтиром бастаи асарҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода тақдим намуд. Ҳамзамон маводи тарғиботии ДДҲБСТ ба хатмкунандагон дастрас гардид.

Барномаи рангинӣ бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати  ноҳия ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

You might also like