Таҷлили ҷашни Сада дар факултетҳои донишгоҳ

Дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор гардиданд. Зимни баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ қайд шуд, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми хешро гузоштааст. Расму ойинҳо ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.
Зимни маърӯзаҳои устодону донишҷӯён қайд гардид, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.
Дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва чи нек аст, ки дар таи чанд соли ахир он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.
Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
Аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор гардида истодааст. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Дар фарҷоми чорабиниҳо аз тарафи садорати факултет ба иштирокчиёни мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва донишҷӯёни фаъолро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

You might also like