Баргузории семинар-машварат дар самти сатҳу сифати машғулиятҳо

Давоми се рӯз мешавад, ки толори лексионии инноватсионии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар-машварат дар мавриди сатҳу сифати машғулиятҳо баргузор гардид. Семинар-машварати мазкур бо ибтикори раёсати таълим ва бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таълим роҳандозӣ шуда, зимни баргузории он устодони факултетҳои донишгоҳ иштирок карданд.

Дар семинар-машварат маърӯзакунандагон дар мавзӯҳои “Вазъи барномаҳои таълимӣ ва барномаҳои кории фанни таълимӣ”, “Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни машғулиятҳои лексионӣ”, “Омӯзгори рақобатпазир дар шароити муосир”, “Истифодаи барномаи Модул ва имкониятҳои амалишавии имтиҳоноти ниҳоии шифоӣ” ва “Оид ба имкониятҳои нави низоми идоракунии рақамии донишгоҳ” баромад карданд.

Вобаста ба мавзӯъ кормандони шуъбаву бахшҳои раёсати донишгоҳ бо слайдҳо роҳҳои истифодаи усулҳои фаъоли таълим, нақши омӯзгор дар ҷараёни таълим, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим ва дигар масъалаҳои вобаста ба сатҳу сифати таълим ибрози андеша карданд.

Семинар –машварат бо мулоҳизаронӣ ва пешниҳоду дархост ва саволу ҷавоб ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like