Шарҳу тавзеи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ
20 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши амиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.
Дар ин чорабинии тарбиявӣ садорати факултети ҳуқуқшиносӣ, муҳассиллини бахши фосилавӣ иштирок намуданд. Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев иброз дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 ҳуҷҷати таҳлилию стратегиест, ки дар он дастовардҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфтааст. Дар Паём бо диди хеле амиқ таҳлили вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаёти ҷомеа ва самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст.
Сипас, муовини декан оид ба корҳои тарбия Ботурхӯҷа Қобилов баромад кард. Иброз шуд, ки дар ҳар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва рушди он мароқ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳият таъкид кардаанд: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Илова шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Дар идомаи мулоқот устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Парвиз Дониёров баромад карда изҳор дошт, ки ҳамасола равона гардидани маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи илму маориф ва бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии типпи нав, муҷаҳҳазгардонии синфхонаву утоқҳои таълимӣ, лабараторияҳо бо таҷҳизоту техникаҳои муосири раванди таълим аз ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат нисбати соҳа гувоҳӣ медиҳад.
Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас баҳогузорӣ карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин арзёбӣ карданд.
Баланд бардоштани маоши кормандони соҳа дар ҳар Паёми Президенти мамлакат дар мулоқот таъкид гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа