ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Шуруъ аз санаи 17 январи соли 2023 дар Маркази технологияи рақамии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар-тренинг оид ба истифодаи технологияи рақамӣ дар раванди таълим баргузор шуд. Давоми ду рӯз мешавад, ки омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ дар семинар-тренинги мазкур иштирок менамоянд.
Зимни баргузории семинари мазкур муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Бобозода А. Дар мавзӯи “Таълими ҳушманд ва имкониятҳои тахтаҳои интерактивӣ”, муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Муродов М.К. бо номи “Таҳияи презентатсия ва роҳҳои омоданамои бозиҳои интелектуалӣ” ва асситенти кафедраи системаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Шарипов Ҳ.Б. дар мавзӯи “Технологияҳои абрӣ ва истифодаи он дар раванди таълим” маърӯза намуданд.
Пас аз ҳар маърӯзаи баромадкунандагон саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ ҷараён гирифт.
Семинари мазкур бо ҷалби устодони факултетҳои дигари донишгоҳ идома хоҳад кард.