Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар факултетҳои ДДҲБСТ
04 январи соли 2022 дар “Маркази таҳқиқотии таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат”-и Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки донишҷўён ва омўзгорони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизи мудаввар таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мост» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Акмалова М.А., дотсентони кафедраи сиёсатшиносӣ Одинаев А, Ёқубов Ҷ.К иштирок ва суханронӣ намуданд. Профессор Акмалова М.А. зикр кард, ки Паёми роҳбари як давлат маҷмуаи бисёр васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Инчунин, дотсент Одинаев А. дар баромади худ қайд кард, ки дар Паёми соли 2023 даҳҳо пешниҳоду барномаву вазифаҳои муҳим барои рушди бунёдӣ ба миён гузошта шудаанд, ки агар ҳамаи онҳо амалӣ шаванд, сифати рушди кишвар ва вазъияти зиндагии мардум ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Дар идома муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Рустамзода З.Р. доир ба бахши сиёсати хориҷии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ як силсила ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои таъмини об, пешгирии тағйири иқлим, тавлиди “энергияи сабз”, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва ғайраро пеш мебарад. Пешвои миллат бори дигар нақши Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои бунёдии онро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети бизнес ва идоракунӣ, дотсент Исоков М.Т., чорабинии тарбиявӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи он тамоми нерӯ ва имконоти худро истифода барем.
Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунгузории кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рўйдодҳои муҳим маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносон ҳамчун омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа эътироф шудааст. Зеро татбиқи нуқтаҳои ин ҳуҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рўзгори мардум боз ҳам беҳбудӣ ёбад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа