Баргузории чорабинии тантанавии солинавӣ дар ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба истиқболи  Соли нави мелодӣ баргузор гардид. Дар доираи чорабинии мазкур байни факултетҳои донишгоҳ таҳти унвони “Соли нав-иқболи нав” озмун баргузор шуд.

Дар оғози чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, иштирокчиёнро табрику муборакбод кард.

Иброз шуд, ки соли сипаригардидаистодаи 2022 бо як қатор руйдодҳои таърихӣ, дастовардҳои бузург ва таҷлили санаҳои фархунда дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони муҳбуб сабт хоҳад шуд.

Соли 2022 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳамон соли неку хотирмон, таърихиву фаромӯшнашаванда барои ҷомеаи меҳнатиамон ба ҳисоб меравад.

Музаффариятҳои фараҳбахш ва падидаҳои созандаи соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста аст, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардидем, илова намуд Шарифзода М.М.

Сипас, дар ҷараёни баргузории чорабинии тантанавӣ дастаҳои факултетҳои донишгоҳ бо намоиши саҳнаҳои солинавӣ байни ҳам рақобат намуданд. Ба баромад ва мазмуну муҳтавои саҳнаҳои факултетҳои донишгоҳ ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карданд.

Дар натиҷаи баҳогузорӣ дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи  факултети бизнес ва идоракунӣ сазовори мақоми дуюм ва тими факултети ҳуқуқшиносӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Ба ҳаркадоме аз дастаҳои ғолиб 1000, 700 ва 500 сомонӣ ҳамзамон ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ маблағҳои пуливу туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ  ва рақсу шодии кормандону устодон ба чорабинии тантанавии солинавӣ анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like