Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар ДДҲБСТ

26 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ректор,муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва кормандону устодони донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, иброз дошт, ки соли 2022 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳамон соли неку хотирмон, таърихиву фаромӯшнашаванда ба ҷомеаи меҳнатиамон ба ҳисоб меравад.
Музаффариятҳои фараҳбахш ва падидаҳои созандаи соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд.
Ҳамчунин дар идомаи кори ҷаласа муовинони ректор вобаста ба самтҳои фаъолияти донишгоҳ маърӯза намуданд.
Иброз шуд, ки соли 2022 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҳисоби устодони донишгоҳ 5 нафар бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 7 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон, 12 нафар бо Ифтихорномаи МИҲД-и вилояти Суғд, 6 нафар бо Ифтихорномаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, 65 нафар бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Давоми соли 2022 донишҷӯён донишгоҳ дар озмуну олимпидаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошанд.
Илова шуд, ки ҳоло теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 нафар, стипендияи раиси вилояти Суғд-25 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-78 нафар донишҷўёнро ташкил медиҳад.
Қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар баробари дастовардҳои назаррас дар самти таълиму илм ва дигар самтҳо камбудиҳои ҷузъӣ ба назар мерасанд.
Роҳбари донишгоҳ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор кард.
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласа ба он таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд ин раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ буд.
Иброз шуд, ки боиси ифтихори ҳар яки мо аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ, санаи 15 ноябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароитҳои зарурии муосир ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бинои мазкур шароити мусоид барои баргузории машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, барои донишҷӯёни риштаи молияву бонкдорӣ дарсҳои таҷрибаомўзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ усулҳои муосири омӯзиши забонҳои англисӣ, хитоӣ, немисӣ ва арабӣ, барои гузаронидани корҳои амалӣ бо истифода аз воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа лабораторияи криминалистӣ, сабти барномаҳои донишгоҳӣ фароҳам оварда шудааст.
Зикр шуд, ки ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми маҷисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дошта, ҳамзамон, раёсати донишгоҳ сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон, ки ҷиҳати оғози сохтмони он санаи 15 ноябри соли равон Пешвои муаззами миллат санги асос гузоштанд то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Шарифзода М.М. илова кард, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ имрўз ҳар яки мо дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономўзӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, тарбияи мутахассисон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ, тарҳрезии дурнамои рушди илм ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, омўзонидани таърихи халқи тоҷик ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурўҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.
Дар интиҳо қайд шуд, ки соли 2023 барои ҳар як узфи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бояд соли таърихӣ ва дастовардҳои бузург дар тамоми самтҳо гардад, зеро дар соли мазкур таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 солагии донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар яки мо вазифадорем, ин ҷашнро бо дастоварҳои арзанда пешвоз намоем.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо вазифагузориҳо барои соли 2023 ба интиҳо расид.

You might also like