Баргузории викторина байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ дар заминаи мақолаи таҳлилии Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?

12 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, донистани таъриху фарҳанг ва муқаддас донистани ҳифзи сарзамин викторина байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ перомуни мақолаи таҳлилии Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” баргузор гардид. Аз шаш факултети донишгоҳ донишҷӯёни фаъол шашнафарӣ сарҷамъ гардида, дар викторина фаъолона иштирок карданд.
Нахуст, ба дастаҳои факултетҳо дар алоҳидагӣ се саволӣ пешниҳод карда шуд. Онҳо ба ҳар саволи пешниҳодгардида, посух доданд ва ҷавобҳои онҳо аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда дар доираи мақолаи таҳлилии коршиноси ватанӣ Абдуллои Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” буд.
Пас аз посухҳои дастаҳо ба саволҳои додашуда, ба ҳар гурӯҳ расмҳои қаҳрамонони халқи тоҷик-бузургони миллат нишон дода шуд ва ба ин васила ба маҳорати ҳозирҷавобӣ ва донишу малакаи иштирокчиёни викторина ҳакамон баҳогузорӣ карданд.
Мушоҳида шуд, ки ҷиҳати иштирок дар викторина донишҷӯён омодагии амиқ дида, мақоларо пурра омӯхтанд ва дар баробари он аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни мардуми куҳанбунёди тоҷик ба хубӣ огоҳанд.
Дастаҳои ғолиб якҷо бо ғолибони озмуни донанда ва тарғибгари беҳтарини мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, санаи 16- уми декабр дар маросими ҷамъбаст ва туҳфасупорӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда мешаванд.

You might also like