ҶАВОНОНИ ТОҶИКИКИСТОН БА МАСЛИҲАТИ ИҒВОАНГЕЗОНИ ХОИНОН ЭҲТИЁҶ НАДОРАНД 

Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи паҳншавии терроризм ва экстремизм, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

ТТЭ ҲНИ аз аввал то ҳануз аз усули зуроварию хушунат ва террору ҷанг кор мегирифту мегирад. Масалан, ба гуфти яке аз собиқадорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки дар филми мустанади “Хиёнат” оварда шудааст, раҳбарияти наҳзатӣ ба зердастонашон дастур медодаанд, ки “агар ба таври осоишта ҳукуматро гирифта натавонистем, бояд аз неруҳои ҷангии худ истифода кунем ва қудратро бо зуроварӣ ғасб намоем”.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.

Барои мисол, Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИ ҳанӯз рӯзи 19-уми феврали соли 2021 гуфта буд, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳеч гуна бахши низомӣ аз ҷумла дар Афғонистон надорад. “Ин баёнияи мақомоти Афғонистон махсус аст. Вақтҳои ахир намояндагони мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Афғонистон сафар мекунанд ва бар пояи ин гуфтумон номи ҲНИ дар қатори ҳизбу гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар зикр шудааст”,-гуфт Кабирӣ.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИ ин изҳороти Аҳмадзиё Сироҷро “ғайримасъулона ва дур аз воқеият” хонд. Ӯ бо нашрия баёния дар сафҳаи “Фейсбук” навишт, “ҲНИТ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод”.

Дар солҳои 1992-97 ҲНИ (баъдан Иттиҳоди Неруҳои Оппозисюни Тоҷик), ки ҲНИ бахши он буд, дар Афғонистон пойгоҳ дошт, аммо пас аз қарордоди сулҳ бо ҳукумат онро барҳам дод. Вале мувофиқи маъумотҳо ҳоло ҳам ТЭТ ҲНИ дар Афғонистон қаноти ҳарбӣ дошта, он аз ҷониби М.Кабирӣ дастгирӣ меёбад.

Албатта, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳонаву амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуданд, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи дараҷаи аввал номиданд.

Танҳо бо рохи баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомъеа ва бо фарҳангкунонии он мо метавонем ин мушкилотро пешгирӣ намоем. Чуноне, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мегўянд: «То он даме, ки худшиносии таьрихии миллат ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару деҳқкони оддӣ сар карда то раиси ҷумҳур пайдо нагардад ва то даме, ки манфиатҳои миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрую эбтибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайан нагардад, мо бар зидди чунин проблемаҳои глобалӣ мубориза карда наметавонем ».

Сулҳи мо нодиртарин ва қимматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем. Дар муқовимат ба афкори экстремистиву террористӣ муташаккилона мубориза барем. Мо сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум месозем. Муҳимтар аз ҳама, барои ҳифзи якпорчагии Ватани азизи худ ҳамеша омодаем. Ва ҳаргиз ба суханҳои иғвогаронаи хоинони миллат бовар нахоҳем кард.

 

Раҳимова М. А. – дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ – табиатиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like