БО НАЙРАНГҲОИ ТЭТ ҲНИ ВА КАБИРӢ БЕАМОНОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Ҷанги иттилоотӣ, ки аз тарафи наҳзатиён ва пайравони онҳо давом дорад бояд хотима дода шавад, зеро то кай онҳо мардумро ва алалхусус ҷавононро фиреб намуда, ба доми иғвои худ мекашанд. Тамоми давъвоҳои онҳо ягон ҳақиқат надошта, туҳмат ва иғвои рӯирост мебошад. Алббата чи хеле, ки мегӯянд қоғаз ҳамашро мебардорад, аммо агар нафаре, ки аз ин ҳолат хабар надошта бошад, зуд ба он бовар мекунад.

Коршиносон ба монанди Афшин Муқим ва дигарон бо факту далел барои ҷавоб дар сомонаҳо чандин борҳо исбот кардаанд, ки чи қадар ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии давлатҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд ва давлату ҳукумат онҳоро ба ягон асос ба маҳкама намекашад, зеро онҳо мақсади таҳсил доранд, на ин ки ба сиёсат ҳамроҳшавӣ ва таҳрифи (прерворот) давлати тоҷиконро надоранд. Ба ин хотир ягон кас ба онҳо ҳарфе ё коре надорад.

Ҳама медонем, ки онҳо маҳзаби шиаро тарғиб намуда, ТЭТ ҲНИ ва Кабириро дар ин роҳ истифода бурда истодааст. Мо дигар мазҳаб дорем, аммо онҳо моро мехоҳанд зери мутеӣ мазҳаби худ бо ҳар роҳ гардонанд. Агар мо имрӯз пеши роҳи ин нокасонро нагирем пагоҳ онҳо  ҷавонони таҳсилкардаи моро зери таъсири доираҳои мазҳабию идеологии худ, мақоми мубаллиғ ё таблиғотчии мазҳаби шиъаро ҷорӣ мекунонанд ва бо сармоягузории доираҳои идеологию мазҳабии давлатҳои абарқудрат дар ҳудуди Тоҷикистон шабакаҳои пинҳонии мазҳабиашонро сохта, дар ҷомеаи мо ҷанги мазҳабӣ, иттилоотӣ ва воқеиро ташкил менамоянд.

Барои ҳамин мо бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди онҳо беамонона мубориза барем.

 

Абдуллоев М.М. – муаллими калони

 кафедраи андоз ва андозбандӣ

You might also like