Баргузориии “Мактаби собиқадорони пешқадам”
28 ноябри соли 2022 мувофиқи ҷадвали тасдиқ кардаи ШИТМ- факултети баҳисобгирӣ ва андоз вобастакунии омӯзгорони собиқадор ба омӯзгорони таҷрибаомӯз ҷиҳати тақвият бахшидани таҷрибаи “Мактаби собиқадорони пешқадам” дар кафедраҳои тахассусии факултети баҳисобгирӣ ва андоз дар соли хониши 2022-2023 дар басти якуми машғулияти лексиони аз фанни ташкили баҳисобгирӣ ва аудит дар бонкҳо аз тарафи д.и.и., профессор Дадоматов Д.Н., н.и.и., дотсент Тоҷзод Д.Ҳ., машғулияти лексионӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни машғулияти бевоситаи омӯзгорони ҷавоникафедраи аудит ва ревизия ва баҳисобгирии бухгалетрӣ аз ҷумла Ашуров У.З., Ҳайдарова М.Ҳ., Бобоҷонва П.И., Собирова М.Д., Тошматова Ҳ.М., ва Нишонбоев А.Н., иштирок намуданд. Дар ҷараёни машғулият бевосита Дадоматов Д.Н., ва Тоҷзод Д.Ҳ., аз усулҳои фаъоли таълимистифода намуданд.
Дар ҷараёни машғулияти амалӣ устод Дадоматов Д.Н, аз рӯи намудҳои машғулияти амалӣ яъне таҳлили ҳолатҳоиконкретӣ, машқҳои тафаккурӣ, машқҳои функсионалӣ вабалоҳиягирии функсионалӣ вобаста ба тахассусмандиидонишҷӯён самаранок истифода намуданд. Дар доираи ин қайд кардан ба маврид аст, ки машғулияти амалӣ аз қисматҳои мундариҷа ва ташкили баргузории он таркибмеёбад, ки ин ҷараёнро устод аҳамияти аввалиндараҷадоданд.
Тоҷзод Д.Ҳ., машғулияти лексиониро аз рӯи тартиботимуайянкардашудаи усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монд. Дар раванди машғулияти лексионӣ ба муайян карданимундариҷаи саволҳо ё бобҳои асосӣ равона шуда, босохтору мантиқии нақшаи лексия тарҳрезӣ карда шуд.



