Баргузории дарсҳои кушод дар Маркази таҳсилоти рақамӣ

Имрӯз дар толори лексионии инноватсионии Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси кушоди амалии дотсенти кафедраи кори бонкӣ Муаззама  Каримова дар мавзӯи “Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва дар маркази таълимии бонкии маркази мазкур дарси кушоди амалии мудири кафедраи кори бонкӣ дотсент Даврон Юсупов  дар мавзӯи “Аҳамияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид. 

Дар ҷараёни баргузории дарсҳои кушод мутахассисони Бахши идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ, намояндагони БДА Амонатбонк дар вилояти Суғд ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд. 

Зимни баргузории дарсҳои кушод дар баробари устодон, кормандон ва мутахассисони варзидаи бонкӣ вобаста ба мавзӯҳо ирози андеша карданд. Иброз гардид, ки шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ имконият медиҳад, ки донишҷӯён дар синфхонаву марказҳо ва лабараторияҳои инноватсионии барҳаво  бо истифода васоили муосири техникӣ тадрис намоянд ва мутахассиси  соҳибкасб ба камол расанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like