Донишҷӯёни мо сазовори “Беҳтарин донандаи Конститутсия” шуданд

Донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  Ҳусейн Ғуломшоев, Каромиддин Ҳакимов ва Умедҷон Шерматов  дар озмуни ҷумҳуриявии  “Беҳтарин донандаи Конститутсия” иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ комёб гардиданд .

Озмуни мазкур бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами миллӣ баргузор шуда, дар он донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, байни ҳам рақобат карданд.

Донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмун фаъолона иштирок карда, бо баҳогузории ҳакамон ба гирифтани мақоми дуюм ва ҷойҳои ифтихории дигар шарафёб шуданд. Барои ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсия”  Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд

You might also like