ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ПАЙОМАДИ МАНФИИ ОН

Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ  ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан  чапгаро  инъикос ёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ  тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они  худ кардани  ваколатҳои он барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароидошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия», “Ташкилоти террористӣ-экстромистии ҳизби наҳзати ислом” мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд. Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.

Маълум аст, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад.

Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ шакли костагӣ ва нуқсондошта, онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин проблемаҳо ҳастанд. Роҷеъ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳои хеш ибрози ақида карда, онро сабаби аслии костагии маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва вабои аср арзёбӣ намудааст.

Албатта, ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Масалан, тибқи маълумоти расмии мақомоти қудратии кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки аз онҳо аллакай зиёда аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Ҷой доштани чунин падидаи ногувор аз сатҳи пасти маърифати динию мазҳабии ҷавонони кишварамон ва аз суст ба роҳ мондани мубориза алайҳи ифротгароӣ шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу субот ва оромиро ташвиқ намуда, рӯ овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад. Аз ҷумла дар ояти 9 ва 10-уми сураи «Нисо»-и Қуръони карим омадааст: «Муъмин бародари муъмин ва хуни муъмин резонидан гуноҳи азим аст». Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Хулосаи калом, масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад, аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Мирзоҷонова М.Қ. – мудири кафедри забони англисии ДДҲБСТ

You might also like