ДДҲБСТ: Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсози миллат
9 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи тақдирсози миллат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилоят, иштирокчиёни иҷлосия, олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд.Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Нахуст, роҳбари донишгоҳ қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Иҷлосияи мазкур дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, қайд менамоянд, ки “Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олӣ, ки соли ҷорӣ аз санаи баргузории он сӣ сол сипарӣ мегардад, аввалин санадҳои сарнавиштсоз – қатъи ҳарчи зудтари ҷангу хунрезӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва дигар қарорҳои барои он рӯзҳо муҳимтарин ва таъҷиливу тақдирсозро қабул кард. Бо ҳамин роҳ мо аввалин қадамҳоро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ гузошта, барои таъмин намудани ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардем”. Дар ҳақиқат, дар Иҷлосия қарорҳое қабул карда шуд, ки роҳи ояндаи Тоҷикистонро муайян намуда, барои рушди ҳамаҷонбаи он заминаи асосии ҳуқуқӣ гузошт. Қабули санадҳои мазкур дар ҷумҳурӣ саривақтӣ буда, ба шарофати қарорҳои мазкур, дар кишвар сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд, илова намуд Шарифзода М.М.
Сипас, мудири шуъбаи рушли иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Суғд Тоҷибой Султонзода табрикоти раиси вилоятро ба самъи иштирокчиён расонид. Ҳамзамон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад карда, иштирокчиёнро ба муносибати 30 солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Дар идома, вакилони Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов ва Муродҷон Тоҳиров дар мавриди “Хотираҳо аз лаҳзаҳои Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ваҳоб Набизода дар мавзӯи “Пешвои миллат – поягузори давлати навини тоҷикон” ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Нўъмонҷон Ғаффорӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – саҳифаи дурахшони таърихи навини тоҷикон” маърӯза намуданд.
Зимни баромади маърӯзакунандагон иброз шуд, ки маҳз, Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ шароит фароҳам овард, ки заминаҳои сарҷамъ гардидани миллат пайдо гардида, барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият ва расидан ба истиқлоли воқеъӣ, муайян намудани сохти давлатдории минбаъда ва дар умум барои таъмини зиндагиии шоистаи мардум чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.
Дар қисмати дигари кори конфронс ғолибони озмуни “Иншои беҳтарин” байни донишҷӯён ва хонандагони Литсейи донишгоҳ, ки ба ифтихори 30-солаги Иҷлосияи тақдирсоз роҳандозӣ гардида буд, бо диплому ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






















