Роҳҳои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон

Коррупсия чун падидаи манфиву хатарзо боқӣ монда, боиси мушкилоти ҷиддии ҷомеа гардидааст. Бино ба маълумоти коршиносон яке аз омилҳои асосии афзоиши даст задан ба ин амали нангин мафкураи пасти зиддикоррупсионии ҷомеа ва дониши пасти ҳуқуқӣ мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат бо коррупсия баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ сарнозири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаромарз Раҳмонзода, мушовири дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе Стефан Ҳаниш, аъзои комиссия оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия, раиси ТҶ “Иттифоқи волидайни сарбозон”-и вилояти Суғд Музаффар Бобоҷонов ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Семинари омӯзиширо муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова ифтитоҳ карда, мавзӯи онро дар кошиҳ додани ҳолати коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусбӣ маънидод намуд.
Дар идомаи семинари омӯзишӣ корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни роҳҳои пешгирӣ, мубориза ба коррупсия ва роҳҳои қонунии барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба чунин кирдорҳо дастзананда маълумот дод.
Ҳамзамон, намояндагони мақоми зиддикоррусионӣ, дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, ташкилоти ҷамъиятӣ ва устодон перомуни мавзӯи семинари омӯзишӣ баромад карданд. Бо пурсишу посух, мулоҳизаронӣ ва тавсияву пешниҳодҳо семинари омӯзишӣ анҷом ёфт.

You might also like