НАҚШИ ҶАШНУ МАРОСИМ ВА РАСМУ ОИНҲО ДАР ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

Ҷомеаи инсонӣ дар тўли ҳастии худ вобаста ба ақлу заковат, таҷрибаи таърихӣ ва маърифату ҷаҳонбинии хеш барои маъно бахшидани зиндагӣ ва рангин намудани он, ҷашну маросим ва расму оинҳои зиёдро ташаккул додааст. Ҷашну маросим ва анъанаи миллии ин ё он халқ баробарои далели таърихи қадима доштанаш, ҳамчунин барои қисми аъзами аз мардум маънои зиндагӣ ва ҷузъи муҳими ҳаёти онҳоро ташкил медиҳад.

Миллат бе расму оин ва ҷашну маросим буда наметавонад, ҳарчанд анъанаҳо хурду ночиз ҳам бошанд, барои баъзеи мардум он арзишу аҳамияти муҳими ҳаётӣ дорад. Бо гузашти замон баъзе анъанаву расму оин камарзиштар ва баъзеи дигар мазмуну мақоми баланд пайдо мекунад. То кадом андоза муҳим гардидани онҳо дар ҳаёти мардум аз тарзи муносибат ва шароити таърихӣ вобаста аст.

Миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва фарҳангӣ на танҳо бо қадршиносиву эҳтироми илму маърифат, ҳамчунин бо анъанаву расму оинаш дар таърих ҳастии худро ҳифз намудааст. Бо гузашти давраи зиёд, дар давраи соҳибистиқлолӣ як қатор анъана ва ҷашну маросимҳо аз нав эҳё гардида, анҷоми баъзеи аз онҳо ба ҳадди ифрот расонида шуданд. Аз ин рӯ баъди солҳои 2000-ум дар кишвар зарурати танзими онҳо низ ба миён омад. Вобаста ба ин масъала Роҳбари давлат дар яке аз баромадҳои хеш зикр доштанд: «То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблаѓҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Хушбахтона, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расму оинҳои миллӣ ду бора эҳё карда шуда, барои инкишофи онҳо заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош намуд, ки на танҳо арзишҳои фархангии қадимаи миллати тоҷик эҳё гарданд, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ онҳо ба таври шоиста барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд. Ҳадафи ин сиёсатро пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, дифоъ аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ дар баробари эҳтиром ба дастовардҳои маънавии халқҳои дигар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ ташкил мекунад. Бо заҳмату талош ва бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд, ба таври шоён муаррифӣ мегардад.

Таҷлил гардидани чандин санаҳои таърихии қадима ва ворид гардидани мероси таърихиамон ба феҳрасти ёдгориҳои ЮНЕСКО самараи соҳибистиқлолӣ, хизматҳои бузурги муаррихону бостоншиносон мебошад. Метавон гуфт, ки дар амалӣ гардидани чунин иқдомҳои наҷиби таърихӣ  хизмати асосгузори мактаби муосири дипломатияи тоҷик – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.

Баробари пешравиҳо дар самти ҳифзу гиромидошт ва эҳёи расму оинҳои миллӣ дар ин давра авфу хатарҳои аз байн бурдани анъанву расму оинҳои миллӣ ба миён омаданд, ки яке аз он хатарҳо ин зуҳур ва паҳн гардидани равияву мазҳабҳои бегона ва созмонҳои ифротӣ (салафия, ваҳобия) мебошанд. Фаъолият онҳо барои аз байн бурдани расму оинҳои миллӣ ва мазҳабии мардуми тоҷик равона шудаанд. Онҳо на танҳо ба расму оинҳои миллӣ балки ба ҳастии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон хатар ба вучуд оварданд. Дар баробари корҳои зиёди пешгирикунанда чунин ҳизбу созмонҳои ифротӣ пурра аз байн нарафтаанд.

Дар шароити имрӯза ба насли ҷавон дуруст фаҳмонидани аҳамияти расму, арҷгузорӣ ба онҳо ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» бисёр муҳим буда, он дар пойдории миллат ва таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон нақши назаррас дорад.

 

Шўҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like