ҲОДИСАҲОИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Ҳодисаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки санаҳои 14-17 сентябри соли равон содир гардид, бори дигар чеҳраи аслии роҳбарияти ҳамсояҳои моро нишон дод.

Сарҳадбонони қирғиз тамоми тавофуқномаву созишномаҳои қаблан имзошударо хиёнаткорона вайрон карда, бо баҳонаҳои гуногун манотиқи марзии кишвари моро тирборон карда ҳатто аз техникаву лавозимоти ҳарбии вазнин истифода намуданд. Тирпарронӣ хоса ба минтақаҳои ахолинишин сурат гирифт.

Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳои кӯчманчӣ ва бодиянишинаш даъвои қаламравӣ надорад. Ҳама гуна баҳсҳо танҳо тавассути роҳҳои мусолиматомез ва дипломатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳал мешуданд ва шуда истодаанд.

Воқеият ин аст, ки ирода ва хирадмандии халқи тоҷик, тафаккури созанда ва рӯҳияи шикастнопазири он муҳимтарин омили расидан ба сулҳ аст. Инро аз ҷониби дигар интизор шудан камоли бехирадист.

Воқеаҳои охир имкон намедиҳад, ки касе бетараф бошад. Тоҷик наслкуш нест. Тоҷик бо тӯпу танк ва ҳамопаймои бесарнишин ҳуҷум накард. Барои ҳифзи Модари худ ва оромии ҳар хонадон тоҷик сар медиҳаду хоки Ватан не, ки ин дар дарозои таърих исботи худро ёфтаст.

Ҷавонони мо дар марз ҳамеша омодаанд, ки ба ҳар таҷовузкор ва сарпарастони онҳо посухи сазовор диҳанд. Сарбозону афсарон ва сокинони осоишта худро муҳофизат карданд. Мисли солҳои қаблӣ, иғво ва ҷангро ҳамсояҳо шуруъ карданд. Ин вазъияти хатарнок – иғвои навбатӣ фарзандони вафодор ва ватандӯсти халқи моро маҷбур сохт, ки барои ҳифзи якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистони маҳбубамон иқдомҳои ҷавобӣ андешанд.

Мардуми тоҷик беҳтар аз ҳама медонад, ки сулҳу субот омили муҳим ва рӯйдоди таърихӣ буда, арзишмандтарин неъмати мост.

Аз задухӯрди маҳаллӣ то зарбаҳои ҳадафмандона бо истифода аз чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин (!), ҳамлаҳои ҳавоӣ ба биноҳои истиқоматии сокинон ва иншооти ғайринизомӣ дар Тоҷикистон воқеан боиси нигаронӣ ва таҳдидкунанданд. Ҷаҳон бояд аз ин амали онҳо огоҳ бошад.

Ҳодисаҳои наздисарҳадӣ буҳрони низоми ҳифзи суботи стратегиро комилан равшан нишон доданд. Тайи чанд соли охир дар муносибатҳои дӯстонаи як қатор кишварҳо дигаргуниҳои хеле мураккаб ба амал омаданд. Ҳукумати як қатор мамлакатҳоро ҳунармандони касбӣ ва маҳбусон роҳбарӣ карда, зери мусиқии ҷониби сеюм моҳирона мерақсанд.

Агар мо хостори ғасби сарзамини қирғизҳо мешудем, ҳеҷгоҳ заминҳои ишғолгардидаро зимни муноқишаҳои мудофиавӣ, бозпас намедодем.

 

Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳ

You might also like