ОРОМИИ ҲАМСОЯ ОСОИШТАГИИ МО

Чи тавре, ки хоинони давлату миллат номаеро бо “Бетафовутии 20-солаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гапҳои ман” ба шабакаи иҷтимоии иғвоангезонаи худ паҳн кардаанд, гуфта мешавад, ки “Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон интиқод кард ва гуфт, ки 20 сол мешавад ки ба талабҳои ӯ дар ҳалли масъалаҳо  беэътиноӣ зоҳир мекунанд”, нодуруст ва бадномкунанда мебошад.

Зеро, ҳанӯз санаи 22 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки «Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд.

Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳар чи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо  дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем».

Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки «Ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Зеро вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст».

Оё ин суханрониву амалҳо барои мардум ва давлати Афғонистон ҳамчун Президенти ҳамсоя ва ҳамсарҳад кофӣ нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўи тавоноӣ ва қудрати худ амал карда мехоҳанд ҳарчӣ зудтар давлати ҳамсояамон Авғонистон ором бошад. Инчунин қайд карданд, ки «Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд. Дигар ин, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад».

Инчунин қайд карданд, ки «Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор, ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд. Дар натиҷа, мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст».

Дар ҳар баромадҳои худ Пешвои миллат ба аҳли кишвар таъкид менамоянд ки «ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳем», ин гуфтаҳо ба худ мазмуни васеъро доранд. Зеро 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба осонӣ ба даст наомадааст чи тавре, ки дар урфият мегӯянд «моргазида аз ресмони алов метарсад» ва Тоҷикистон намеҳоҳад ки бар сараш дигар солҳои 90 – ум ояд, ки вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Миёна таъсири бевоситаи манфӣ хоҳад расонд. Зеро, дар он айёми фоҷиабор қариб буд, ки давлати тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардида, миллати тоҷик пароканда шавад.

 

Кабирзода Г.Қ. – омўзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like