ДДҲБСТ: Баргузориии чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи омӯзгор
01 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат-зиёиён, устодон ва тарбиятдиҳандагон таваҷҷўҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлили Рўзи омўзгорон ифодагари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат ба ҳисоб меравад, иброз дошт, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар оғози чорабинии тантанавӣ.
Илова шуд, ки таҷлили Рӯзи омӯзгор иди онҳоест, ки тамоми талошҳои пайгиронаашонро ба кори наҷибу пуршараф – тарбияи наслҳои ояндасози халқу миллат бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд. Сазовори эҳтироми самимӣ ва ифтихору сарбаланди ҷомеа гардидани омўзгор ин самараи заҳмати рўзафзун, ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа ва ниҳоят шарафи баланди инсонии ўст.
Як зумра дастовардҳоеро, ки тайи солҳои охир ҷомеаи маъвои маърифатамон ба онҳо соҳиб гардид, метавон самараи ҷидду ҷаҳди устодон арзёбӣ кард.Натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи омўзгорони маъвои хирадамон буд, ки дар тўли мавҷудияташ ин боргоҳи саодати маънавӣ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми кишвар табдил ёфта, имрўз бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад,, қайд намуд Шарифзода М.М. дар идомаи баромади хеш.
Сипас, ба муносибати Рӯзи омӯзгор чанде аз кормандону устодон, собиқадорони соҳа бо Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамзамон дар ин рӯз ғолибони мусобиқаҳои донишгоҳӣ аз рӯи намуди волейбол байни занон ва футболи хурд байни мардон, ки ба муносибати ҷашни 30 солагии иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда буд, бо диплом, ҷом ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангиву фароғатии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ, ки тараннумгари меҳнату заҳмат ва фаъолияти мондагори омӯзгорон буд ба чорабинии мутантани Рӯзи омӯзгор дар донишгоҳ анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





























