ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЧУН МУАММОИ ГЛОБАЛӢ

Тамоми курраи замин, яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризм ва ифротгароӣ, савдои одамон, қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд. Махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар натиҷаи авҷ гирифтани давраи нави мухолифати абарқудратҳо бо чунин падидаҳои номатлубе, ки дар боло қайд кардем  рӯ ба рӯ мегарданд. Масалан, яке аз падидаҳои номатлуби хатарнок ба монанди пайдоиши лоиҳаи геополитикии ба ном «Давлати Исломӣ», ки худро бо дини мубини Ислом муаррифӣ намуда, дар асл тамоман дигар мақсадҳо доранд. Онҳо ягон робитае ба дину мусалмонҳо надорад, баръакс ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари зиёд эҷод менамояд. Кишварҳо дар Шарқи Наздик бо ДОИШ мунтазам мубориза бурда истодааст. Террористон маҷбур шуданд, ки ба Афғонистон ва дигар кишварҳои муайян пинҳон шуданд. Ҳатто террористон ба гирифтани ҳукумати Афгонистон муваффақ гардиданд. Аз ин рӯ, Афгонистон ба мо ҳамчун кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад, мубориза бар зидди алайҳи терроризм ва ифротгароӣ масъалаи муҳими таъмини амнияти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар роҷеъ ба афзоиши хатари терроризм ва ифротгароӣ ва зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷиҳати муборизаи самаранок бо онҳо ибрози ақида менамоянд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, аз нотинҷии ин кишвар зарари ҷиддӣ дида, дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши бузург дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм якчанд барномаҳоро қабул намудааст, ҳамчун давлати ташаббускор дар асоси ин барномаҳо ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии чунин падидаҳои номатлуб ба монанди маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

 

Мирмаматова Р.А. – омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like