ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ  – ХАВФ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонон бояд номбардори  ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошанд”.  Моҳияти ин нуктаи муҳим таъкид намудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ҷиҳати дарки арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифода меёбад.

Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷаҳони  муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудаанд. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиёи Марказӣ зиёд хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ  таъсири  бештар расонанд. Ин қобил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш пеш аз ҳама ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгирони Сарварии давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳмил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд. Аммо дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол мушкилоти зиёде боқӣ мондааст. Хуб надонистани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари исломӣ ва паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи хамидаи як қисмати муҳоҷирони корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад. Оҳиста – оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвар ва даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикурронӣ хос мебошад аз ҷониби дигар аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош мекарданд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддиашон ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд,ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди инсониро барои худ аз дигарон эҷод намуда, аслан ояндаи хешро сиёҳ месозанд.

Ин воқеияти талх моро вазифадор менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз  ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намояд.

 

Имомназарова М. Б. – ассистенти кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like