Тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон

Дар мамлакати мо масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти  кишвар мақоми хоссаеро пайдо намудааст. Ин шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсус қарор додани соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти роҳбарии мамлакат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеаи мо қувваи бузург ҳисобида, чунин қайд менамояд Ҷавонони мо қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обруи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кўшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст.

Ҷавонон аз ҷониби роҳбари давлат ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрузу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократи эътироф шуда, дар шароити имрузан таҳаввулоту тағиротҳои босуръат, муколама ва бархурди маданияту фарҳанг ва дину оинҳо масъулияти бузургеро бар дӯш доранд.

Дар бунёди ҷомеаи ҳукукбунёду демократӣ раванди демокра тикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имруз маҳз  хамин неру қодир аст, ки норасоиҳои мавҷударо дар заминаи хиради волои гузаштагон бартараф созад ва ин масъулиятро таърих пеш аз хама ба зиммаи ин нерӯ гузоштааст.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад”. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд бо ташабускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат нақши созанда дошта бошанд.  Равшан аст, ки иштироки омма , аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои муҳими давлати демократист. Бо дарки ин нуқта , Сарвари кишвар аз рӯзҳои нахустини роҳбарияшон дар мамлакат такя ба нерӯи созанда намуд.

Бояд қайд дошт, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон барои такмили тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстӣ, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар идораи давлатӣ, мусоидат менамояд.

Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони худшиносу бомаърифат ва содиқу ватандӯст, аз имтиёзҳо ва ҳуқуқҳои худ васеъ истифода намуда, баҳри рушду нумуъ ва пешравии ватани азизамон Тоҷикистон ҳиссагузор ва сазовори боварии давлат ва Ҳукумати кишвар мегарданд.

 

Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like