Ҷавонон ояндаи миллатанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани  истиқлолияти давлатӣ  дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба мушкилоти зиёде рў ба рў гардид, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ мехостанд ба рушди муназзами кишвар монеагузорӣ намоянд. Аз таърих маълум аст, ки дар он солҳо вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бисёр мушкил гардид. Гурезаҳо ва муҳочирони иҷборӣ зиёд буданд шохаҳои ҳокимият фалаҷгардиданд. Новобаста ба ин Ҳукумати кешвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як мўҳлати кўтоҳи таърихи ин мушкилоти кишварро аз байн баранд роҳи сулҳу субот ва осоиштагии кишварро амалӣ созанд.

Тавассути амалисозии барнома ва стратегияҳои созанда кишварро Пешвои миллат ба кишвари ислоҳотгар, ташаббусовар ва пешниҳоднамояндаи фарҳанги сулҳ ба ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд. Имрўзҳо баҳри пешравии тамоми соҳаҳо ба мисли таълим, илм, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, ҷавонон, занон ва дигар самтҳои калидӣ имкониятҳои васеи рушдро муҳайё сохтаанд.

Дар маркази диққати Пешвои миллат сиёсати давлатии ҷавонон  қарор дорад ва дар ҳамаи суханрниҳову вохўриҳояшон Пешвои миллат ҷавононро ояндаи миллат муаррифӣ мекунанд ва дар ҷодаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон имкониятҳои нав ба навро амалӣ мекунанд.   Чунончӣ, ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд.

Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст. Ин маълумот ва нишондиҳандаҳо сиёсати давлатиро нисбати ҷавонон рўшан инъикос менамояд ва дар ҳақиқат дастовардҳои бузургро дар ин самт  нишон медиҳанд.

Душманони халқ бошанд аз қабили аъзоёни ТЭТ ҲНИ ин дастовардҳои кишварро дида наметавонанд ва бо ҳар гуфтору андешаҳои нопоки худ мехоҳанд дастовардҳои кишварро нодида гиранд.  Ин пеш аз ҳама Кабириву ҳамаслакони вай мебошанд. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо ба монанди Кабири, Муҳаммадиқбол ва дигар думравонашон аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳан бунёдро бадном созанд.

Ин дастовардҳои назаррасро Кабириву думравони ў магар намебинанд, ки ин қадар ҳарзагўи мекунанд.

Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёси якдилию якпорчагӣ, сарвари давлат чиқадар ҷонбозиҳо кардаанд.

Ба ҳамин аҳду паймон таҳамулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда роҳбарони ҲНИ ба намакдон туф карданд. То ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд. Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хуби шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ дасисаи бадандешон фирефта нахоҳад шуд. Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯро хоки ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда мехоҳанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта гуё ҳақиқати ҳаётро ба онҳо фаҳмониданӣ ҳастанд. Вале кулли мардуми ҷаҳон ва тоҷику тоҷикистониён ки будани он хоинонро медонанд ва сад шукр, ки мардуми имрўз ба атрофиён ба чашми равшан менигаранд.

Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест

Агар аз дилхоҳ нафар пурсон шави ҲНИ кист ва чӣ амалро ба вуҷуд овардааст танҳо як ҷавоб мегирӣ ҷанг ва найрангҳо дар Тоҷикистон ташкил намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ин найрангу мардумфиребии Кабириву ҳамаслаконашро бояд зери пой намояд ба онҳо ҷазо диҳад.

Мо бо ифтихор мегўем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвар сулҳу суботро таъмин намуданд, балки ба ҷаҳониён ташаббусҳои нодирро доданд, ки баҳри ҳалли бисёре аз масоили глобаливу минтақавӣ мусоидат менамоянд.

 

Алимов Б.Ҳ. – дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like