БАТЕРАФИ НАКАРДАН БА НИГОҲДОШТИ СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТ ДАР МАМЛАКАТ

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ, демократӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид шуда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар мекард.

Ҳамчун давлати тозаистиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз 31-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил мекунад, дар баробари дигар мамлакатҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.

Мардуми кишвари мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва мавқеи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар кард, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Зеро мамлакати мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдевори Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ намудан, аз байн бурдан ва несту нобуд сохтани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ экстремизм ва терроризм ба шумор меравад. Дар аввали асри ХХI хислати ҷаҳонӣ касб карда, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти мураккаби сиёсию иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ба ҳар давлату сохтори иҷтимоӣ зиёну зарари худро расонидааст.

Ғайримукаллидони ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи такфирӣ аз касбомўзиву камдонишӣ (алалхусус донишҳои динӣ), надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва ормии ҷомеа, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғибу ташвиқот бурда, мақсадҳои ғаразноки худро пиёда месозанд.

Истифода бурдан аз омилҳои номатлуб шахсони нохалаф аз рафторҳои ноҷавонмардонаи худ шарм накарда, арзишҳои олии давлату миллатро нодида гирифта, тавассути роҳҳо ва василаҳои гуногун ҷиҳати барангехтани тухми низоъ дар миёни марду, давъат ва нооромӣ, бенизомию бетартибӣ, дигаркунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҷамъияту давлат, тавассути шабакаҳои локалӣ, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ, дастгирию кўмакҳои моддӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсили ройгон ё аз ҳисоби худ фиристодан барои таҳсил ба давлатҳои дигар ва ҳазорҳо тарзу усулҳои дигар ақидаҳои ғаразноки худро тарғибу ташвиқ менамоянд.

Аз ин ҷо ба хулоса меоем, ки барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷойии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримукаллидони ифротӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла олимону донишмандон, муаллимону дигар зиёиёни кишвар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин уламои исломӣ суннати кишвар бояд фаъол бошанд.

Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳаби беҳтарин зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ бояд бошад.

 

Қўзибоева Б. М. – Дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like