ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ҶАҲОНӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрўз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурўҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррўз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарўза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рўҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем. Бинобар ин, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳамкориро бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуруст ба роҳ монанд.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 апрели соли 2000 дар конгресси Х-уми Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҷазо додани ҷинояткорон, ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткории трансмиллӣ дар мавзўи «Таҳдидҳои нав дар асри XXI» нисбати терроризми байналмилалӣ чунин изҳори назар намуданд.

Имрўз тамоми ҷомеаи ҷахон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.

Ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ дар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав мекунад. Он хусусияти умумӣ пайдо карда, ҳам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид дорад. Баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки доираи зуҳуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста васеъ мешавад. Мусаллам аст, ки мубориза алайҳи ин шарр бояд самти аввалини ҳамкории байналхалқӣ ва ҷидду ҷаҳди мувофиқшудаи мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ гардад.

Сарварон ва иштироккунандагони фаъоли ҷамъиятҳои ҷинояткорон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонунӣ ба вуҷуд оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ cap медароранд ва бо ҳамин қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд.

Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро фосид карда, ба ҷинояткорӣ ҷалб менамоянд.

Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият  бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ, ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст. Муоҳидаҳои байналхалқии қаблан роҷеъ ба ин масъала имзошуда масъалаи терроризмро ҳамчун масъалаи алоҳида ҷудо накарда, балки онро дар баробари масъалаҳои дигари дорои характери ҷиноӣ баррасӣ менамоянд. Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада, ҳамзамон терроризми байналхалқиро дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгирӣ намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод кардани мешаванд.

Бинобар ин имрўз тартибу таҳия ва имзои муоҳидаи ягонаи Мукаммал зарур мебошад, ки мафҳуми терроризм, пеш аз ҳама терроризми минтақавиро муайян карда, дар ин самтҳои мушаххаси ҳамкории имконпазири байналхалқӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар намуда муҷозоти муқобили давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ мекунанд ва гурўҳҳои террористро дастгирӣ менамоянд пешбинӣ карда, ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари иловагии нормативиеро имконпазир мегардонанд, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризмро ба низом медароранд. Ҳамчунин дар қонунҳои миллӣ терроризмро маҳз ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафи сиёсӣ маънидод карда зарур аст.

Ба назари мо, дар амал татбиқ намудани ин ва пешниҳодҳои дигаре, ки дар ин ҷамъомад дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ба миён гузошта мешаванд, муқаррар намудани шаклу усулҳои самрабахши ҳамкории давлатҳо дар соҳаи ба роҳ андохтани муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ҷиноятҳои минтақавӣ иқдоми муҳим гардида метавонанд.

Пешгирии терроризм вазифаи ниҳоят душвор аст, зеро ин падида бо сабабҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Ин гуна сабабҳо бояд объекти дахолати пешгирикунанда бошанд, аммо ин кор аслан осон нест, зеро қисми муҳими сабабҳои номбаршуда бо ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ ва ғасби он, тақсими амвол, ташвиқ ва ҷорӣ намудани идеологияи «худ», тағйир додани сохтори миллӣ ё иҷтимоии ҷомеа ва ғайра алоқаманданд. Бо ин ҳама, терроризм, тавре ки дар боло қайд кардем, рафънопазир аст, зеро он як навъ ҷинояти вазнин ба муқобили башарият мебошад. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ҷўяндагони ҳақиқат ва адолат, ки омодаанд худро ва дигаронро барои хушбахтии умумӣ ё гурўҳи иҷтимоӣ ё миллӣ қурбон кунанд, ҳамеша аз рўи замин нопадид шаванд; тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки дар рўи замин дигар одамоне ба дунё намеоянд, ки бо роҳи терроризм вазифаҳои ғаразноки худ ва на танҳо вазифаҳои моддӣ, ҳамчунин баробарии ҳамаро дар ҷомеа ҳал мекунад.

Дар воқеъ, масъала умуман дар бораи пурра нест кардани терроризм дар ҷаҳон намеравад, алахусус агар мо зуҳуроти гуногуни онро дар хотир дорем. Ҷомеаи мутамаддин бояд саъй намояд, ки паҳншавии онро пешгирӣ кунад ва таҳдиди саривақтиро муайян кунад.

Пешгирии терроризм бояд ҳамзамон дар якчанд самт амалӣ карда шавад: 1) таъсир ба падидаҳо ва равандҳои умумиҷаҳонӣ, ки таъсири террористӣ доранд. Ин самтро метавон стратегӣ номид ва табиист, ки агар пешгўии дарозмуддати фаъолияти муҳимтарини террористӣ бо муайян кардани субъектҳои имконпазири онҳо пеш гирифта мешуд; 2) муайян ва пешгирии амалҳои террористие, ки дар ояндаи наздик содир шуда метавонанд. Ин муайян кардани субъектҳо ва объектҳои терроризм, сабабҳо, усулҳо ва ҳолатҳои дигари онро дар бар мегирад; 3) пешгирии содиршавии терроризм ва амалҳои террористии зидди ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дастгир кардани гунаҳгорон ва ба суд додани онҳо.Ҷазо додани на танҳо иҷрокунандагон ва шарикони оддӣ, балки ташкилкунандагон ва таҳриккунандагони терроризм хело муҳим аст;  4) огоҳкунӣ, бартарафкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳои ба терроризм монанд, ба мисли гаравгонгирӣ, генотсид, таҳрибкорӣ, сўйқасд ба ҳаёти шахсе, ки адолати судӣ ё тафтиши пешакиро анҷом медиҳад ва ғайра. Дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мубориза бо терроризм созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи махсус доранд, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои гуногун дар огоҳкунӣ ва пешгирии ин бадӣ хос аст.

Илова бар самтҳои зикршудаи мубориза бо чунин падида, ба мисли терроризм, бояд то ҳадди имкон самаранок ва дар сатҳи қонунгузорӣ мубориза барем, қонунгузории танзимкунандаи мубориза бо терроризмро такмил дода, тағйироту иловагиҳои зуриро ворид намоем.

Дар асоси таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои терроризми байналмилалӣ нисбати шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир кардаанд, чунин таклифҳоро пешниҳод менамоем:

  • терроризм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст;
  • имрўз терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст;
  • мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.;
  • мо тарафдори ақидаи олимоне ҳастем,ки ҷиноятҳои хусусияти террорисидоштаро дар як боби алоҳидаи Кодекси ҷиноятӣ ҷой доданро пешниҳод менамоянд;
  • бо мақсади густариш додани мубориза бо терроризм дар сатҳи Созмони Ҳамкории Шанхай, пешниҳод менамоем, ки меъёрҳо доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм дар кодексҳои ҷиноятии кишварҳои аъзои СҲШ – Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон аз рўи мазмун мувофиқат кунонида шаванд.

 

Қобилов Б.Қ. н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like