НЕСТ БОД ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»
Ман ҳамчун як тан омӯзгор бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ ҳастам.
Ин ташкилотҳои нав ба нави дар хориҷ ташкилшудаву ғаразҳои бад дошта (“Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”), бояд аз тарафи давлат несту нобуд карда шаванд, зеро онҳо мехоҳанд давлати тинҷу осударо боз ба ҷанг андозанд ва худ ҳоким шаванд. Ин давлати азияткашидаву бо душворӣ сулҳёфта намехоҳад боз ба доми душман афтад, локин ёфт мешавад онҳое, ки аз дур истода мехоҳанд давлатро нотинҷ гардонанд. Локин тири онҳо хато хӯрд. Мо ҳамчун омӯзгорони ҷавон ва ҳам зиёӣ, то метавонем ба ин кор роҳ намедиҳем ва мегӯем НЕСТ БОД «Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон». Чи хеле, ки шоир мефармояд:
Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст….
Абдуллоев М.М. – муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ