ТАСДИҚИ АҚИДАИ ТЕРРОРИСТИИ КАБИРӢ
Бо ёди Ватан будану дар оғӯши Ватан зистан саодат аст, аммо бо ҷурми хиёнат ба миллату Ватан дар кишвари бегона паноҳ ҷустан бадбахтии маҳз хоҳад буд. Имрӯз, ки М. Кабирӣ пас аз ин қадар носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат дорад, бо он ҳама иддае аз ҳамватанони моро дар хоки ғурбат чун фирорӣ ва ё бечора бидуни ресмон банд кардааст.
Ин даста бо ҷурми он ки замоне узви ҲНИ маҳсуб меёфтанд ва ё бо амалҳои назарфиреб ва ғаразноки М. Кабирӣ фирефта шуда буданд, имрӯз наметавонанд бо сари баланд дар Ватан рӯзгор ба сар баранд.
Ба фарҳангу оини миллат санги бегонапарстӣ задан, мардумро бо фитна ба гумроҳӣ кашидан, дар мулки ғайр овораву сарсон кардан магар бахшиданист? Не, ҳаргиз не! Ин тоифа хоинони Ватан ҳастанд. Хоини Ватан малъун аст ва заррае имон дар бадан надорад. Зеро ҳар як мусалмон хуб медонад, ки дӯст доштани ВАТАН аз имон аст!
Имрӯз ба ҷуз амалҳои манфии зиёде, ки аз ҷониби тарафдорон ва аъзоёни Паймони миллӣ ба сари мардуми Тоҷикистон оварда аст, роҳбари ин гурӯҳ ба пурра мубаддал кардани гурӯҳҳои ифротиро ба террористӣ даъват намуда истодааст. Ба қавли “гапҳо” ин афрод мусаллаҳкунии гурӯҳҳои сиёсиро дар назар дорад.
Дар гуфтаҳои Кабирӣ зикр шудааст, ки “… бо миллат бозӣ карда намешавад. Ва агар миллат ин силоҳро ҳам бигирад, танҳо барои дифоъ аз муборизаи мусолиматомези худ мегирад”. Аз гуфтаҳои Кабирӣ бар меояд, ки гӯё “миллат” ин он гурӯҳҳои оппозитсия бошад. Маълумоте нест, ки чи қадар аҳолии Тоҷикистон тарафдорони онҳо мебошанд. Ба фикри банда шояд як фоизро ҳам ташкил надиҳад. Бо ин миқдор “миллат” гуфта сухан кардан ин худ хатогии комил аст.
Аз тарафи дигар таърих гувоҳ аст, ки мусаллаҳкунии гурӯҳҳои мухталифи оппозитсионӣ дар тамоми мамлакатҳое, ки аз чунин падида бархӯрдор шудаанд ба ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи гурӯҳҳо ва бе сару сомонии ҷамъият оварда расонид. Хоҳ нохоҳ бенизом дар ҷамъият мавҷуд будани силоҳ охират ба воқеа оварда мерасонад.
Аз ин лиҳоз, андешаи Кабириро сахт танқид карда, манфиатҳои сиёсии онро бар зидди инсон, шаҳрванд, ҷомеа арзёбӣ мекунем.
Каримов Р.А. – н.и.и., мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ