Шиносоии Раиси вилояти Суғд аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ДДҲБСТ
Имрӯз, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз иншооти навбунёди таълимӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд.
Раиси вилоят аз бинои таълимии навбунёд дидан карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Иншооти мазкур иборат аз ду ошёна ва 700 ҷойи нишаст бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд ёфтааст. Дар даромадгоҳи бино таҷҳизоти шиносои симо (face control) гузошта шудааст, ки омадурафти омӯзгорону донишҷӯёнро назорат мекунад. Иншооти таълимӣ дорои 20 синфхона, 4 лаборатория, аз ҷумла, лабораторияи криминалистика, ду лабораторияи компютерӣ, 4 синфхонаи лексионӣ буда, бо навтарин таҷҳизоти техникиву соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, камераҳои замонавӣ насб карда шудааст. Ҳамзамон, дар бинои мазкур Парки технологии донишгоҳ, студия барои баргузории дарсҳои онлайнӣ ва сабти барномаҳои телевизионӣ, утоқи кории омӯзгорон мавҷуд аст.
Раиси вилоят аз муҷаҳҳазии бино ба ҳайси маркази технологияҳои инноватсионӣ ва телекоммуникатсионӣ бо экрани проексионӣ, проектор, тақвияти овоз, камераи амалиёташ сунъӣ ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, шароити фароҳамшударо барои омода кардани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, Раиси вилоят аз раванди корҳои сохтмонӣ аз бинои маҷлисгоҳ, ки ба 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, дидан карданд. Дар бинои мазкур корҳои сохтмонӣ босуръат вусъат ёфта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар бинои мазкур ҳамзамон Осорхона, гӯшаи ҳунармандӣ ва утоқҳои ёрирасон барои наворбардорон, санъаткорон ва аъзоёни маҳфилҳои фарҳангиву адабии донишгоҳ ҷойгир карда мешаванд.
Раиси вилоят барои бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот вусъат бахшидани корҳои сохтмонии толори маҷлисгоҳ дастурҳо дода, зикр карданд, ки ин ду иншооти муҳим дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуда, туҳфаи арзанда барои ҳайати устодону кормандон ва кулли донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Маврид ба ёдоварист, ки корҳо ҷиҳати сохтмони бинои нави таълимӣ барои 700 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст ҳанӯз соли 2019 бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоиди таҳсил ва мустаҳкам намудани пояи моддии донишгоҳ оғоз гардида буд.










