ДДҲБСТ: Хатмкунандагон соҳиби диплом гардиданд

13 августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии дипломсупорӣ доир гардид. Дар ин рӯз ба хатмкунандагоне, ки соҳиби дипломи сурх гардидаанд ва ғолибони озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ дар вазъияти тантанавӣ дипломҳо тақдим карда шуд.
Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода хатмкунандагонро барои сазовор гардидан ба диплом табрик карда, ҳамзамон аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷӯҳу дастгириҳои вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи хуби таълиму тарбия дар муассисаҳои олии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони ояндасоз ёдоварӣ кард.
Саҳифаи рўзгори хатмкунандагон бозгўи он аст, ки бештари онҳо дар раванди таҳсил ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, гирандаи гранти байналхалқӣ, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», “Беҳтарин корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ», “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”, дорандагони медали «Дурахшон»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот, ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаи Раиси вилояти Суғд, иштирокчии фаъоли конференсия, ҳамоишу форумҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва стипендияи раёсати донишгоҳ, ҷоизадори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзишӣ, Чемпиони Осиё, Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиш ва ғайраҳо буданд, илова шуд дар идома.
Қайд карда шуд, ки дастоварди хатмкунандагон дар муаррифии донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мешавад.
Инчунин чанде аз хатмкунандагони фаъол ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва ҳайати устодону профессорон арзӣ сипос намуда, иброз доштанд, ки имрӯз давлату Ҳукумат ҷиҳати бо ҷойи корӣ таъмин гардидани ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҷавоб ба ин ғамхориву шароити мусоид онҳо содиқона заҳмат кашида, дар роҳи гул – гулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш менамоянд.
Раёсати донишгоҳ изҳори боварӣ менамояд, ки мутахассисони соҳибдиплом бо донишу малака ва таҷрибаи андӯхтаашон бо рисолати баланди касбӣ фаъолият намуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистони маҳбубамон саҳм хоҳанд гузошт

.

You might also like