ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҒАМХОРИ КӮДАКОНИ БЕПАРАСТОР
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар ҳаёт меҳри волидонро ба фарзанд ҳаргиз касони дигар дода наметавонанд. Зеро он меҳр пайванди хунӣ буда, ба фарзандон эҳсоси ногӯфтанӣ мебахшад. Бисёр фазилатҳост, ки онҳоро ба ҷуз падару модар ягон нафари дигар дар ҳаёт доро буда наметавонад.
Ба гуфти устод Лоиқ Шералӣ одами ҳамеша муҳтоҷи меҳру муҳаабат буда, фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва ба меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад. Бахусус, дар ҳоле, ки як нафар ятим мемонад, бештар ниёзманди он мешавад. Ва аз ин дида эҳсоси хуштар нест, вақте ки инсон як ятимро хурсанду хандон месозад. Зеро ятимон дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда, ниҳоят нозуктабъ ва бештар аз ҳама ба пуштибонию муҳаббат ниёз доранд. Бузургону гузаштагони мо баҳри дилсӯзии ятимон ва дасти сахо дароз намудан ба онҳо панду андарзҳои бешумор ба ояндагон боқӣ гузоштаанд.
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Аз рисолати инсонист, ки агар ятимеро дар ҳолати нороҳатӣ ва афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси бекасиву ятимиро аз ӯ дур кунад. Гузаштагони мо дар ҳузури ятимон ҳатто сила кардани сари фарзанди хешро нораво донистаанд. Ятим будану набудан ба хости худи кас вобаста нест. Балки он амри тақдир ва қисмат мебошад. Ҳамин аст, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё гурӯҳе аз аҳолиро ятимон ва бепарасторон ташкил медиҳанд. Аммо нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар ҳар куҷо аз онҳо ба таври гуногун ҳимоя ва нигоҳубин мекунанд.
Имрӯзҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон барои нигоҳубини кӯдакони бапарастор 77 ятимхонаҳо бунёд гардидааст. Дар ин ин маконҳо ятимон дар беҳтарин шароит бо меҳру муҳаббати бузург нигоҳубин шуда, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Маҳз сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки онҳо заррае дарди бекасиро эҳсос намуда, аз ятимии худ ёд кунанд.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар ҳар сафари кории худ Пешвои муаззами миллат дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба кӯдакони бепарастор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии моддиву маънавии онҳо мебошанд.
Дар сафари кории навбатии Пешви миллат ба вилояти Суғд мо шоҳиди он гардидем, ки ҳангоми ба истифода супоридани Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” ва бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои кормандони саоҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба 200 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Зафаробод, инчунин мактаб-интернати назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ намуданд. Туҳфаҳо аз маблағҳои пулӣ, маҷмӯи либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буда, боиси хушҳолӣ ва сарфарозии 200 нафар ятимони кулл гардиданд.
Аз андеша ва мулоҳизаи чанде аз ятимоне, ки дар ин мулоқот иштирок доштанд, маълум гардид, ки онҳо ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатро дар ҳар нафас эҳсос мекунанд ва боре ба мушкилӣ мувоҷеҳ нашудаанд.
Ҷалолов Суҳроб – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ