ҶАВОНОН ОБЪЕКТИ АСОСИИ ТАҲРИБКОРИИ ИДЕОЛОГӢ БА ҲИСОБ МЕРАВАНД
Дар фазои идеологӣ қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа ҷавонон (шахсони синни аз 14 то 30 сола) ба ҳисоб мераванд. Лозим ба ёдоварист, ки амнияти иделогӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ дар маҷмўъ ҳолати ҳифзи фазои иделогии ҷомеа аз таъсири ғоявию арзишӣ ва иттилооти дохилию берунӣ, инчунин таъсири равонӣ ба мардум мебошад. Он як ҷузъи зарурии ғоявию арзишӣ ва маънавӣ барои ташаккули ҳамаҷонибаи камарбанди амниятии ҳар ҷомеа маҳсуб меёбад. Бо назардошти он, ки ҷузъи маънавию идеологӣ барои танзими муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҳама гуна ҷомеа муҳим аст, таъмини амнияти иделогӣ дар ин сурат аҳамияти бузург пайдо мекунад.
Таҳрибкории идеологӣ барои чунин падидаҳои номатлуби ба ҷаҳонбиниии дунявӣ зид ба монанди экстремизм, хусусан экстремизми динӣ, терроризм, сепаратизм, фундаментализм ва монанди инҳо баромад мекунад. Бинобар ҳамин ба ҷавонон ба таври содда фаҳмонда додани моҳияти падидаҳои номатлуби дар боло зикргардида яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Мо дар маводи мазкур асосан кўшиш менамоем, ки моҳияти хатарангези экстремизми диниро шарҳ диҳем.
Мутобиқи моддаи 1 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” экстремизм- ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст; фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд, мебошад
Тавре аз матни дар боло зикргардида бармеояд, қонунгузор мафҳуми экстремизми диниро шарҳ надодааст. Дар асоси омӯзиши мафҳумҳои дар боло оварда шуда ва дигар маводҳои дастрас мазмуни ин ва дигар категорияҳои дахлдорро таҳлил намуда, шарҳи мухтасари онҳоро баён менамоем.
Аз назари луғавӣ калимаи “эктремизм” аз забони лотинӣ буда муродифи он калимаи арабии “ифрот” аст, ки дар ҳар ду ҳолат ба тоҷикӣ ҳамчун “авҷ” маънидод шуда, аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан, аз эътидолу тавозун берун шудан аст.
Шахсе эктремист мебошад, ки дар тарзи фаҳмиш ва тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад.
Эктремизм навъи тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне экстремистӣ (ифротӣ) дорад.
Эктремизми динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои эктремизм буда, ҳолатест, ки инсон фаҳмиши меъёрҳои дин вадар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.
Шахси экстремисти (ифротгарои) динӣ маъмулан аз таълимоти асилу мўътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд.
Экстремизми (ифротгароии) динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил иеёбад. Бинобар ҳамин радикализми динӣ марҳилаи ошкоршуда, фаъолшуда ва амлишавандаи эктремизми динӣ аст; он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғоти қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.
Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои экстремистон (ифротгароён) барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо дар ниҳоят ба марҳилае мерасанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд. Онҳо кўшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, экстремистони (ифротгароёни) динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Маънои луғавии террор таҳдид, тарсонидан ва даҳшатафканӣ буда, истилоҳи терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодӣ анҷом додани амали террор ё даҳшатафканиро ифода мекунад. Дар ин марҳила экстремистон (ифротгароён) ба таҳдид, зўроварӣ ва куштор рў оварда, амалан симои ҷинояткоронаи худро зоҳир мекунанд.
Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ марҳилаҳои пайдарҳами инкишоф ва ташаккули гурўҳҳои ифротгароии динии муосир мебошанд. Имрўз дар забони муошират, аз ҷумла, дар забони илм ва воситаҳои ахбори умум, ифротгароиро “экстремизм”, тундравиро “радикализм” ва даҳшатафканиро “терроризм” мегўянд. Ин истилоҳҳо низ ҳамин маъноҳоро ифода карда, фақат шакли лотинии пазируфташудаи ин мафҳумҳо мебошанд. Аз ин рў, дар ҳамин шакл истифода намудани ин истилоҳҳо низ дуруст аст, зеро ҳоло муҳимтар он аст, ки ин мафҳумҳо ва ин падидаҳо ба мардум фаҳмо буда, моҳият ва хатари онҳо барои мардум рўшан бошад. Пас, экстремизми динӣ, радикализми динӣ ва терроризми динӣ давоми мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷранд, ки дар маҷмўъ, тафаккур, амалия ва моҳияти гурўҳҳои ифротгарои диниро ташкил мекунанд. Дар инҷо сифати динӣ на ҳамчун сифати зотии ин падидаҳо, балки асосан ба маънои “истифодабаранда аз дин” мебошад.
Аҳамияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияьти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаи ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонад. Терроризм бошад шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Бинобар ҳамин ҳангоми муносибат бо ин падидаҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷоварандаи ҳамдигар мебошанд.
Аз экстремизми динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо экстремизми динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳими кори мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидани он мебошад.Дар ин ҷода корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд дар байни ҷавонон фаъол карда шаванд.
Пўлотов К. И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ