ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРИМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Эстримист ин шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад. Терроризм аз нуққтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: “ Ин содир намудани амалҳое мебошанд,ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул ардани қарорҳо мебошад”. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода  намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеъа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе,ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти “ гӯё динӣ” онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад,ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму  тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи  ифротгаро мегардад.

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад чунин иброз менамояд: “Имрӯз  терроризм ва экстримизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид арда, барои башарият хатари на камтар  аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Имрӯз дар  ҷаҳони ислом як қатор ҳисбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои  ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои  Осиёи Макказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта,, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Хулоса, ба мо ҳамагон лозим аст, ки кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, ба ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур курона ба гуруҳҳои ифротӣ нараванд. Андешаҳо, ақидаҳо, пешниҳодҳое, ки дар рузномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро мебозад.

Мирзоҷонова М.Қ. – мудири кафедраи забони англисии дотсент

You might also like