Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ҳамеша дар мадди назар бояд бошад!
«Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро».
Эмомалӣ Раҳмон
Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.
Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи волои ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама аз вазъи иҷтимоӣ ва муҳити оила сар мешавад. Яке аз омилҳои маъмултарин, ки боиси шомил гардидани ҷавонон ба роҳҳои ифродгароӣ ва даст задании ноболиғон ба қонунвайронкуниҳо мегардад ин истифодаи ноогоҳонаи онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин лиҳоз омӯзгорон ва волидонро зарур аст, ки дар оила ва донишгоҳ нисбат ба истифодаи ҳолати манфӣ ва мусбати интернет диққати махсус диҳем. Ҷавононро дуруст фаҳмонем, ки ба ҳаргуна суханони шахсони бегона бовар накунанд, бошахсони бегона шиносоӣ пайдо накунанд, зеро онҳо оҳиста-оҳиста ба роҳи бад мебаранд. Ингуна шахсони бегона пул, мол, мошин, хона ва ғайраҳо ваъда карда, ба худ моил мегардонад. Ба ин гуна боигариҳо додашудан лозим нест.
Аз ин ҷост, ки бояд мо ҷавононро дар роҳи шукри ин сарзамин кардан, ба қадри ин давлати тинҷу осоишта расидан, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду мароми якхела дошта барои тинҷӣ, осудагӣ, серию пурӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон, инчунин бунёди дӯстиву рафоқат байнимиллатҳо саҳмгузор будан тарбия намоем.
Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ҳуд ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дастовардҳо аз масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифродгароиву террористӣ қайд карда мешавад. Дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд мекуданд: «Имрӯз хатари тероризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир афзоиш ёфта истодааст. Шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз паст нашудааст. Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Ба ин хотир Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш ба зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд.
Имрӯзҳо шомил шудани гурӯҳи ҷавонони гумроҳзада шаҳрвандони моро ба ташвиш овардааст. Чаро онҳо гумроҳзадаанд? Оиди ин савол шахсро ба дуриҳои дур мебарад ва ба андеша кардан водор месозад. Вале боз чаро касе онҳоро аз роҳи нодуруст намегардонанд? Чаро волидон ин ҳолати онҳоро дарк накардаанд? Чӣ онҳоро ба бегонагӣ бурд? Чӣ онҳоро барои ба ин роҳ рафтан маҷбур сохт?… Шароит, зиндагӣ, замона, камбизоатӣ ва ғайраҳо. Чиҳо ва чораҳои дигар.
Сабабҳои ин гумроҳии онҳоро мо бояд аниқ кунем, маълум месозем ва аз пайи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҷавонони имрӯза шавем. Чунки созандаи давлати ояндаи тоҷикон ҷавонони имрӯзаанд.
Мо бояд барои ба гурӯҳҳои ифротгарой шомил нашудани ҷавононро ҳамаҷиҳата чораандешӣ намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем. Зеро ки қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо ҷавонон мебошанд. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост. Мо ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандӯст ва ифтихори миллӣ дошта бошанд.
Ватани орому осоиштаи хешро аз ҳар хавфу хатари бегона муҳофизат карда тавонанд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгарой шомил нагарданд. Иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва одобу ахлоқи ҳамида дошта бошанд.
Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва ТК