ХИЁНАТҲОИ ТЭТ ҲНИ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА
Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир баъзе аз давлатҳои абарқудрат ҳизбу ҳаракатҳои гуногунҷабҳаро дастгирӣ мекунанд. Таърих собит сохт, ки фаъолияти ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ягон вақт ба манфиати мардум набудааст.
Ҳоло бошад, ин ташкилотҳо дар давлатҳои Аврупо қарор дошта, худро ҳамчун муборизи ақидаҳои демократӣ вонамуд карда, бо воситаи ташкилотҳои байналхалқӣ мавқеи паноҳандаи сиёсиро ба даст оварда, аз нақшаю мақсадҳои ҷинояткоронаи худ, ки бо роҳи зуроварӣ тағйир додани сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст даст накашида, бо изҳороту мақолаҳои иғвоангез кушиши дубора ба даст овардани боварии пайравони собиқи худро карда истодааст.
Имрӯз тамоми ниҳодҳои давлатӣ фаъолияти босамар дошта, барои пешгирӣ кардани чунин амалҳо ҳам имконияти низомӣ ва ҳам ғурури миллӣ доранд. Вобаста ба ин низ дар ҳар баромадҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз менамоянд, ба давлати мо низ ҳастанд нафарҳое, ки таъсири худро расонанд. Яъне амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст ва пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад.
Пас маълум мешавад, ки ҲНИ як ҳизби дохилӣ набуда, бо системаи ҷаҳонии ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ пайваст буда, ҳамкориҳои ояндаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ метавонад дар бозиҳои сиёсӣ нақши манфӣ бозанд. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри мардум ва барои таъмини амнияту оромӣ дар кишвар Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Тибқи талаботи Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти расмии сиёсии ин ҳизб мебоист дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, қонунҳои дигари амалкунанда ва оинномаи ҳизби зикршуда баҳри таҳким бахшидани дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию динӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ошкоро ва шаффоф ба роҳ монда мешуд. Аммо ин дер давом накард.
Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намуд.
Аз ин лиҳоз дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.
Озодӣ он вақт бехатар ва манфиатбахш аст, ки дар ҷомеа ҳама Конститутсияро риоя кунанд, арзишҳои миллиро пос доранд, дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳушёру зирак бошанд ва ба ҳама гуна зуҳуроти носолими ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм оштинопазир бошанд.
Кабирзода Г.Қ. – омузгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ