СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад (м. 1 Конститутсияи ҶТ). Маҳз бо ҳамин асос Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқлолияти давлатӣ саҳми худро гузоштанд. Ин шахси бузург моҳи ноябри соли 1992 ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ ва баъдан бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Зеро ки заминаи асосии ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ бо тарафҳои мухолифин (27 июни соли 1997) маҳз хизмати шоистаи мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрўзҳо ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ, ки Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқӣ муносибатҳои байналхалқӣ муайян мекунад – яке аз самтҳои нав ва дар таҷриба тадқиқнагардидаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб меравад. Зеро 2-юми марти соли 1992 Тоҷикистон узви ташкилоти бонуфузи байналхалқие чун Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҳамин лаҳза оғоз карда, барои Тоҷикистон марҳилаи нави рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ҳамчунин ҳифзи онҳо шурўъ шуд. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви СММ, бо муассисаҳои махсуси СММ муваффақона ҳамкорӣ мекунад. Таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо, алалхусус дар ҳалли низоъҳои дохилимиллӣ аз ҷониби СММ ҳамчун раҳнамои амалиёт тавсия шудааст.

Дар ин замина, метавон тазаккур дод, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда намояндагони ташкилоти экстримистию террористии ҲНИ ба монанди М. Кабирӣ, М. Садриддин, Ҳусейн Ашӯров, Шавкати Муҳаммад ва баёнияҳои аъзоёни гуруҳи 24 мехоҳанд дубора давлати соҳибистиқлолро бунёд намуда сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ ва унсурҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандиро тағйир дода оқибат онро аз байн баранд. Лекин тинҷиву оромӣ, осудагии давлати Тоҷикистон, пешрафти он дар самти иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ ба зери чашми намояндагони ин ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ намерасад. Зеро ки ин осудагӣ, таҳкимбахшии ҳокимияти давлатдорӣ, пешрафти илму фарҳанг, иқтисодиёт ва якпорчагии халқи Тоҷикистон инъикоси имрўзаи механизми танзими ҳуқуқии давлатдории мо мебошад.

Мумкин бошад, ки Муҳиддин Кабирӣ ваҳдати миллиро аз нигоҳи фаҳмиши худ маънидод карда бошанд, зеро ки дар давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд плюрализми сиёсӣ, яъне бисёрақидагии сиёсӣ, бисёрфикри дида мешавад. Аммо як чиро бояд қайд намуд, ки давлатҳои шарқ аз он ҷумла Тоҷикистон урфу одатҳо, қадру қиммати шахсият, тоқатпазирии ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбатан болотар меистанд, ки дар давлатҳои ғарб ин зуҳурот дида намешавад. Ин оқибат ба он оварда расонд, ки эфтаназия (марги осон), никоҳи якҷинса, риоя накардани ҳолати санитарию эпидемиологии мубориза бар зидди бемории COVID-19, маҳдуд кардани арзишҳои милливу дини (ислом, насронӣ, яҳудӣ) дар амалия татбиқ шуда истодаанд. Албатта дар кишварҳои хориҷӣ иқтисодиёт, сиёсати давлатдорӣ, сатҳи иҷтимоии аҳолӣ пеш рафтааст, лекин дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки аксарияти ин кишварҳо тўли асрҳо дар як замина инкишоф ёфтаанд, Тоҷикистон бошад дар муддати кўтоҳ яъне 30 соли соҳибихтиётории худ аз марҳилаи аввали вазниниҳо то ба имрўз ба натиҷаҳои назаррас расидааст.

Дар маҷмўъ бояд қайд намуд, ки мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор хоҳем дод.

 

Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳукуқи ДДҲБСТ

You might also like