ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАКУ ДОНО ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ БОШАНД
Ифротгароён, ки бо амалҳои зишту зиёнкоронаи худ ба инсонҳои оддӣ, махсусан нисбат ба занону кӯдакон тундравӣ ва амалҳои ҷоҳилонаро амалӣ менамоянд, мақсадҳои хушунатомез, сиёсӣ ва мазҳабии худро роҳандозӣ мекунанд.
Ҳеҷ модаре фарзанди ҷинояткорро таваллуд намекунад, сари гавҳора бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек шабзиндадорӣ менамояд. Вале мутаассифона дар баъзе мавридҳо тарбияи нодуруст ва надоштани фарҳанги динии комил ҷавонони моро ба доми фиреби гурӯҳҳои дорои хусусияти ифротиву террористидошта гирифтор мекунад. Ифротгароён аз камсаводӣ ва надоштани маърифати динии ҷавонон истифода менамоянд ва онҳоро бо ҳар роҳу усулҳои ба худ хос тобеъ мегардонанд.
Дар замони мо шахсон ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое хастанд,ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқ хости онҳо шакл мегирад. Онҳо барои ин хостаи худ иродаи бархе аз ҷавононро аз дасташон гирифта ва қисме аз қисмҳо нашъаву ҳаргуна доруҳо гузаронида, аз худ бе худашон мекунанд ва барои тадбики нақшаҳояшон истифода мебаранд.
Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳо ба Сурия рафтаву даст ба сина зада «мо ҷиҳод мекунем» гӯён аз тариқи шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем.
Бештари онхо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд, тавонистанд ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустақилияташон маҳрум гарданд.
Гурӯҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба накшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд. Барои он, ки медонанд, ҷавонон хоҳ но хоҳ заъфи эътиқодӣ доранд ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътиқод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин рӯ шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳ аз илмҳои диниву дунявиро ба дом мекашад.
Чавононе, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғи гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки бақатл расондааст, реш-реш мекунад? Ҳол он ки дини ислом одитарин шиканҷаро ба кас раво намебинад.Тавре гуфта мешавад, ҳар ки хуни як шахсро резад, ҳамчунон аст, ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Агар як касро аз куштан наҷот диҳад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошад.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан, дин, мазҳаб надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда гуфтаниам,ки ислом ҳаргиз тарафдори одамкушӣ набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист ҳеҷгоҳ мусалмон шуда наметавонад. Ҳеҷ кас ҳак надорад, ки Расули акрамро ҳамчун ҷангҷӯ ва дини исломро дини зулму шиканҷа ва куштор нишон диҳад.
Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб пеш аз ҳама ба падару модарон лозим аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузаронидан дар марказҳои интернетӣ манъ кунанд, зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва пайрави кардан ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳо интернетианд.
Дар муассисаҳои таълими ҳисси худшиносии миллиро дар хонандагон бедор намуда, маданияти истифодаи интернетиро дар онҳо тарбият намудан лозим аст. Муҳимтарин масъалаи замони мо, дарки моҳияти ватандустӣ аз ҷониби ҷавонон, эҳтиром намудани марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат ба шумор меравад.
Ҳар як ҷавони Тоҷикистонӣ, ки худро соҳиби миллат мешуморад, дар ҳифзи хоки Ватани худ бояд, ки доимо тайёр бошад.
Акмалова М.А. – декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ-ии ДДҲБСТ