ИҒВОИ НАВБАТИИ ТЭТ ҲНИ

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан.

Вобаста ба ин, имрӯзҳо собиқ аъзоёни Ҳизби экстромистиву террористии наҳзати Ислом, аз он ҷумла кабирӣ ва ҳамфикрони ӯ аз хориҷи кишвар қарор дошта, бо мақсади паҳн намудани ғояву ақидаҳои иғвоангезонаи худ ва бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда истодаанд.

Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоки кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ хуб бохабар буда, намегузоранд, ки хоинони миллат бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фазои иттилоотии кишварро вайрон намоянд. Дар вақтҳои охир фаъол гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар самти мубориза бо хоинони миллат аз он гувоҳӣ медиҳад.

Дар барномаҳои иғвоангезонаи онҳо мунтазам суханҳои бардурӯғ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад. Ин ватанфурӯшон ягон маротиба доир ба пешрафти Тоҷикистон ва рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар он сухан наменамоянд. Танҳо ва танҳо доир ба камбудиҳои бофтаю фикр кардабаромадаи худ сухан мекунанд.

Ин хоинони миллат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои мустақим мекунанд бе ғайр аз ҳақорат, тӯҳмат, иғвоангезӣ ва дурӯғгӯӣ дигар сухан дар бораи ҳеҷ чиз намегӯянд. Аз тарзи суханронӣ ва афту андоми онҳо бесаводӣ ва бемаърифатии онҳо ба ҳамагон маълум аст. Бо ҳамин рафтору кирдор боз онҳо даъвои давлатдорӣ намуда истодаанд, ки ин як хандаовар аст.

Дар ҳамаи баромадҳояшон хоинони миллат мардуми Тоҷикистонро зидди давлат баромадан, митинг кардан, бетартибиро дар Ватан оғоз намудан, шӯриш кардан ва амсоли инҳо даъват менамоянду халос. Магар худи ҳамин даъватҳои онҳо аз мақсадои нопоки онҳо хабар намедиҳад? Ба ҳамагон маълум аст, ки оқибати митингу шӯриш ин ҷанг аст, тамом дигар ҳеҷ чиз не. Ҳамон ҷанге, ки ба сари мардуми мо дар солҳои 90-ум чигуна бадбахтиҳоро овард.

Барои амалигардонии мақсадҳои худ, ин хоинон мехоҳанд мардуми муҳоҷирро ба тарафи худ кашида, онҳоро дар ин роҳ истифода баранд.

Имрӯзҳо, ки мардуми сарбаланди мо ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо шукрзорӣ аз дастовардҳо ваҳдати миллӣ таҷлил намуда истодаанд, хоинони миллат дар ин рузҳои фараҳбахш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, зидди миллат суханронӣ намуда истодаанд, ки суханронии кабирӣ дар мавзӯи “Шикасти созишномаи сулҳи Тоҷикистон, сабабҳо, натиҷа ва дасрҳо” санаи 28 июни соли равон ба воситаи шабаки Ютуб ба ин мисоли равшани хоинии онҳо мебошад.

Ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир машғул шаванд.

Вобаста ба ин, ҳамаи мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки новобаста дар ҷойи қарордоштаамон, хоҳ дар дохили Ватан ва хоҳ дар хориҷи он бояд ҳамеша дар фикри пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз бошем ва ҳаргиз ба суханҳои иғвоангезонаи онҳо фирефта нашавем.

 

Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like