ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Мардуми Тоҷикистон дар байни халқиятҳои гуногун сиёсати миллии худро дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ мебинад, ки он ҳуқуқи ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро дар ҷомеа қотеъона ва ба тарзи устувор ҷорӣ мекунад, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Мо давлати ҳуқуқбунёд месозем, яъне ҳама дар назди қонун бояд баробар бошад. Дар ин амр истисно вуҷуд дошта наметавонад. Дар давлатдории мо ҳеҷ чиз аз эҳтироми қонун дида волотар нест». Сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як аъзои ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан, эҷодкорӣ таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд.
Хурсандибахш аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон истиқлолияти миллӣ торафт пойдор ва устувор гардида, халқи тоҷик пешравӣ ва комёбиҳои намоён ба даст меоварад. Бо вуҷуди ҳамаи ин комёбию пешравиҳо, ба фикри мо, барои пойдор ва устувор намудани истиқлолият ҳанӯз як қатор масоили ҳалталаб мавҷуданд.
Имрӯз масъалаи дигар, ки садди роҳи мустаҳкам намудани истиқлолияти миллӣ мегардад, дараҷаи нобаробарии дониш, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш, шуурнокӣ, маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин ҳолатҳо асосҳои объективӣ ва субъективӣ доранд. Маълум аст, ки халқи тоҷик дар муддати ҳазорсолаҳо дар зери таъсири равандҳои гуногуни идеологӣ буд, ки дар натиҷаи он дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маданиятнокӣ, характер ва хислатҳои гуногуни ахлоқӣ ва психологии мардум то ҷое қоҳиш ёфт. Агар мо имрӯз дараҷаи дороии маънавии деҳқонон, коргарон, зиёиён ва дигар табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакатро муқоиса намоем, маълум мешавад, ки дар байни онҳо тафовут ва фарқияти зиёди идеявӣ мавҷуд аст. Ин фарқияту тафовутҳо имкон намедиҳанд, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ як хел сарфаҳм раванд ва дар мустаҳкам намудани пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона саҳм гузоранд.
Бо донишу савод фаро гирифтани кулли ҷавонон ҳам, боиси фаҳмиши ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва мадании ин тоифа мегардад. Ҷавонони имрӯзро мебояд, ки ба қадри ин сулҳу субот, фазои орому мусоид бирасанд, дар ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ