ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ХОҲОНИ АМНИЯТ ДАР МИНТАҚА

Ҷойгоҳ ва нақши пешвоёну нухбагони сиёсӣ дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии башарият ҳамеша мондагор буда, он ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихӣ зудуда намешавад. Дар ин робита ба андешаи мо, шахсияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар дигаргуниҳои наздик се даҳаи охири ҳаёти дохиливу хориҷии Тоҷикистон, дигаргуниҳои минтақа ва дар қабули қарорҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ бисёр назаррас мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони давлатҳои минтақа ягона Роҳбаре мебошанд, дар ин давра ҷиҳати на танҳо рушди сиёсати дохилӣ, бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчунин дар муаррифии осори қадимаи халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳду талошҳои зиёд намуданд. Гузашта аз ин, пуштибонӣ пайдо намудани чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об худи исботи таҷрибаи бойи сиёсӣ доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз дар Осиё ва Аврупо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Роҳбари ташаббускор ва Сарвари инсондӯст мешиносанд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қударт омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд нигаронида шудааст. Вақте сухан дар бораи сиёсати дарҳои кушод меравад, моҳияти сиёсати мазкур низ ба роҳ мондани ҳамкории дӯстона бо тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон низ маҳз ба ҳаллу фасли масъалаи умумиҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Яъне, Тоҷикистон аз қабили он кишварҳое нест, ки танҳо ба манфиатҳои миллии хеш маҳдуд бошад. Балки, Роҳбари кишвар ҳамчун шахсияти инсондӯст дар фаъолиятҳои берунаи давлат манфиатҳои ҷомеаи башариро дар мадди назар гирифта, дар ҳалли ҳаргуна масъалаҳо аз рӯи чунин мантиқ муносибат менамоянд.

Моҳияти чунин сиёсат ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишвардҳои ҳамсоя аён аст ва зимни муносибатҳо хоҳу нохоҳ бетаъсир нахоҳад монд. Агар дар бораи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя сухан гӯем, Роҳбари давлат соли 1993 вақт самтҳои сиёсати хориҷии кишварро муқаррар намуданд, ҳамкории дӯстона бо давлатҳои минтақаро дар қатори чор ҳавзаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Дар ин давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама маврид бо давлатҳои ҳамсоя принсипи муносибати дӯстонаро нигоҳ дошт, ки ин ба манфиати ҳамаи давлатҳо хизмат намуд. Ҳоло бо гузашти замон сарони давлатҳои ҳамсоя чунин муносибат ва дурандешии сиёсии Роҳбари давлати Тоҷикистонро дарк намуданд, ки ҳоло дар шароити ҳассос дар Афғонистон сарҷамъӣ ва ба нафъи минтақа мавқегирӣ намудани Роҳбарони давлатҳои минтақа бисёр муҳим ба назар мерасад. Зеро дар оянда боз ҳам доман паҳн намудани ҳизбу созмонҳои ифротӣ таъсири манфии худро ба тамоми кишварҳои минтақа мерасонад. Солҳои 90-ум ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки бинобар паҳн гардидани созмонҳои ифротӣ вазъи сиёсии минтақаро ба кадом ҳолат расонид. Таъсири он то ҳол боқӣ мондааст. Бинобар ин пешгирии роҳи нооромии Афғонистон ба вазъи сиёсиву геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ иртиботи бевосита дорад. Дар маҷмӯъ бояд бо ифтихор зикр намуд, ки маҳз тавассути пешбурдани чунин сиёсати мондагор имрӯз таҳти роҳбарии Пешвои миллат мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ хеле боло рафт. Гувоҳи ин баргузор шудани чорабинии бузурги минтақавию байналхалқӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамчунин баҳои воқеии сиёсати бузурги Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони сазовори “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”  гардиданд, ки ин ҳама аз сиёсати созандаву дурбинонаи Роҳбарияти Тоҷикистон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ шаҳодат медиҳад.

Умед аст, ки тақвияти боварии байниҳамдигарии давлатҳо ва ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои муштарак ба манфиати мардумони ҳамаи давлатҳо хизмат намуда, он барои рушди ҳамкории минбаъад боз ҳам заминаи муосид фароҳам меорад.

 

Алимов Б.Х.-устоди ДДҲБСТ

You might also like