СУБОТУ ОРОМӢ – ШАРТИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ
Дар урфият мегӯянд: «То шамол навшавад, дарахт намеҷунбад». Вақте овозае паҳн мешавад, ки гӯё фалон нафарони таҳсилкардаи суассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта мешаванд, пас агар чунин кор сурат мегирифта бошад, дар он ягон асосе вуҷуд дорад. Чуноне ки мо шоҳид ҳастем чи қадар таҳсилкардагони мадрасаву донишгоҳҳои динии давлатҳои хориҷӣ дар кишвар кору фаъолият намуда истодаанд ва ҳеҷ нафар ба онҳо кордор нест. Аммо вақте сухан дар бораи таблиғи мазҳабу ақидаи барои ҷомеаи мо бегона ва иғвобарангезиву ҷосусӣ аз ҷониби гурӯҳи муайян меравад, пас бояд иқрор шуд, ки дар ягон давлати дунё муносибат нисбати чунин рафтори шаҳрвандон бе пурсиш намемонад. Махсусан барои кишвари мо, ки як бор ҷанги дохилиро паси сар намудааст, ки оқибати он ҷанг чи қадар аз ҷиҳати моддиву маънавӣ барои ҷомеа бадбахтиҳо овард.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли бо давлатҳои исломӣ муносибати хуби дипломатӣ дошт ва мунтазам ҳамкориҳои байни кишварҳо пеш рафт. Дар оянда эҳтимол боз ҳам ҳамкориҳо беҳтар гарданд. Вале барои тақвияти ҳамкориҳо эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар шарти муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар шароити имрӯза барои пешрафти давлат суботу амният масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳар давлат барои ҳифзу суботу оромии дохилии худ пеши таблиғи нодурусти ҳаргуна ҳизбу созмонҳоро мегирад. Гап дар сари он намеравад, ки аъзоёни чунин гурӯҳ дар кадом кишвар таҳсил намудаанд. Вақте кирдори шаҳрванд боиси ноором намудани авзои сиёсӣ гардад, давлат вазифадор аст, ки барои ҳифзи суботу оромии кишвар чораҳои мушаххас андешад. Аз ин рӯ, ба миён гузоштани ҳангомаҳои беасос, ки «ҷавонони таҳсилкардаи Эрон дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта мешаванд» дуруст нест. Мақомот ҳангоми ҷинояткорро ҳабс намудан ба кишваре, ки ӯ таҳсил кардааст, назар намекунад. Лекин шаҳрванд вақте ягон кирдори зиддиқонунӣ анҷом надода бошад, кадом давлат чунин ашхосро беасос ба маҳкама мекашад.
Мутаассифон, ин боз як баҳонаи дигар барои ноором намудани авзои дохилии кишвар мебошад. Намояндагони ТЭТ ҲНИ мехоҳанд бо ин роҳ мафкураи ҷавононро нисбати давлати имрӯза вайрон намуда, кишварро ноором созанд.
Хиёнат намудан нисбати давлати хеш аз ҳама қонунвайронкунии вазнин ба ҳисоб меравад. Чунин ашхос ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Зеро агар аз нуқтаи назари дин ҳам ба масъала назар намоем, дар ҷомеа ба миён овардани фитна кори ниҳоят бад ба ҳисоб меравад. Бинобар ин иғвоангезӣ ҳам аз лиҳози қонун ва ҳам аз ҷиҳати динӣ рафтори бад ҳисобида шуда, чунин ашхос новобаста аз он, ки дар кадом кишвар таҳсил намудаанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.
Шӯҳрат Саидзода – устоди ДДҲБСТ