Исботи бемаънӣ будани суханрониҳои Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати онлайнӣ бо мардум оиди масъалаи низои марз бо Қирғисистон тезисҳои беасосу бепояи худро ба сари мадуми тоҷик оварда, дар шууру тафаккури мардуми орому осуда қарор доштаи Тоҷикистон боз моҷароҳои навбатии худро таҳмил мекунад. Вақте ки Кабирӣ оиди проблемаҳои сиёсии Тоҷикистон надидаву надониста дар бораи қазияи Ворух ва марз дур аз Тоҷикистон ҳарф мезанад, маънои онро надорад, ки ҳар сухани ӯ ба ҳадаф мерасад. Чунки вазъияти Тоҷикистони имрӯза ба мисли 20- 25 соли пешина нест, ки Кабириӣ обро лой карда моҳидорӣ кунад.
Имрӯз шуури тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар самти нигоҳ доштани арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ба куллӣ тағйир пазируфтааст ва касе қодир нест, ки ба мисли Кабири аз ҳисоби баъзе нохалафон мағзшӯи кунад. Аз он хусус ки Кабири “мушкилиҳои” динӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ҳаллу фасл менамояд, дар ҳеҷ ягон тарозуи мантиқи бар кашида намешавад, зеро шахсияти Кабири ва Тоҷикистон аз нигоҳи мантиқ мутаносибан алоқамандие надоранд ва ин ғарази сиёсиии худи Кабирӣ барои мансаб талош кардан аст, ки ҳеҷ гоҳ ба чунин мақсадҳи нопоку разилонаи худ расида наметавонад.
Зеро Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ як маротиба ба таърихи гузаштаи худ назар кунанд, ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбоншудагонро, ки ҳоло ҳам аз пеши назари инсоният дур нашудааст, дида мтавонанд, агар заррае аз виҷдони инсонӣ бархурдор бошанд ва ман мутмаинам,ки танҳо мақсад як чиз аст ба сари ҳокимият омадан фарқ надорад, ки ҷони чанд ҳазор нафар қурбон мешавад ё не ин ҳамон иғвогариҳое мебошад, ки собиқ сарвари ҲНИ Кабири дар Тоҷикистон карда буд. Пас пӯшида нет, ки мақсади Кабири то ҳол иваз нашудааст, агар чанде соли 2015 маҳз барои дар амал татбиқ намудани исёни Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ба ҳайси тарроҳ ва маблағгузор худи Кабири маҳсуб меёфт ва тири Кабири барои дар амал ҷорӣ намудани ин ниятҳои нопок хок хурд.
Албатта баъди чунин нақшбозиҳои Кабири дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад. Мардуми Тоҷикистон бо пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чи заҳмату талошҳо пояҳои давлатсозиро бунёд намуда, дар роҳи тадбиқи мақсадҳои наҷибонаи худ қадамҳои устувор мегузоранд ва зиндагии осудаву обод доранд, ки ин албатта душманони бурунмарзии Тоҷикистон маъқул намешавад ва онҳо барои неш задан ҳамеша тайёранд. Ба ин нешзаниҳои душманони миллати тоҷик хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ ёрии беминнати худро расонида , кушиш бар онанд, Кабириро тариқи созмонҳои хориҷӣ мусичаи бегуноҳ нишон диҳанд.
Амммо бе ҳеҷ ваҷҳ сурат ва симои аслии Кабири, ки ба сари мардуми тоҷик вабои асрро фуру рехт, амалиёти якҷояи ваҳобиёни солҳои 90- ум буд ки нақшаи бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ мехостанд ҳокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Аммо ҳамаи ин барои мардуми ҷафодидаи тоҷик сабақи таърих монд ва дар оянда низ мемонад. Имрӯз тафаккури миллати баору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, зидди Кабирӣ буд, ҳаст ва мемонад.
Муродбекова М.Ҳ.-мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ