МАҲКУМ НАМУДАНИ АМАЛҲОИ БАДКИРДОРОНАИ “ЛИДЕРОНИ ҒАЙРИРАСМӢ”
Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз “лидерҳои ғайрирасмӣ” дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи неруҳои марзбонии Тоҷикистон буд. Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои гуруҳҳои мутташаккили ҷиноӣ ном бурдаанд. Онҳоро борҳо ба мақомот барои посух додан даъват намуданд, аммо онҳо саркашӣ менамуданд. Бояд гуфт, ки чандин вақт аст, ки онҳо аз хости мақомот саркашӣ намуданд, яъне борҳо тариқӣ ВАО афзуданд, ки ба Мамадбоқир Мамадбоқиров мӯҳлат дода шуда буд, ки вақт додаанд, то омада таслими мақомот шавад. Дар ғайри ин сурат амалиёти вежаро барои боздошти ӯ шуруъ мекунанд. Аммо ҳамаи дархостҳои мақомотро Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ҳамаслаконаш нодида мегирифтанд ва ҳатто барои нооромиҳо чанд нафар шаҳрвандони ба доми онҳо афтода, дар Бадахшон ба кӯчаҳо баромада, навбатдорӣ доранд ва бештари онҳо дар маҳаллаи Бархоруғ ҷамъ омадаанд.
Имрӯзҳо дар шабакҳои иҷтимоӣ бисёре аз шаҳрвандони раҳгум (аз наздикони лидерони ғайрирасмии ВМКБ) ҳимоят аз як қатор ҷинояткорону бадмастон ба монанди Мамадбоқиров Мамадбоқир, ҳоло ҳам пуштибонӣ мекунанд.
Вазъи кунунии Бадахшон кулли мардуми кишвари моро нигарон намудааст. Ин қазия мебоист бо роҳи дурусти сиёсиву ҳуқуқӣ ҳалли худро меёфт. Аммо бинобар сабаби боло гирифтани манфиатҳои гурўҳӣ, хостаҳои қудратталабӣ, бегонапарстӣ, муносибати бемасъулиятонаи доираҳои муайян, нисбати амният ва суботи кишвар ин мушкилот ба як буҳрони печидаи сиёсӣ густариш пайдо намуд. Моро зарур буд, ки ҳамагуна вазъи низоъангезро дар минтақа тавассути музокира ҳаллу пешгирӣ намоем, то нерўҳои мухталифи манфиатхоҳро барои суиистифода намудан аз ҳолати мавҷуда дасткўтоҳ намоем. Шоми гузашта, яъне санаи 22.05.2022 соати 17.30 дақиқа дар шабакаҳои интеренети хабари ба ҳалокат расидани яке аз саркардагони гуруҳи терористиву ҷиноятӣ Мамадбокир паҳн гашт. Ин собит аз он мекунад, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Дар изҳороти ВКД омадааст, ки дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарӣ Мамадбокир ва ҳамаслаконаш бо ҳам таниши лафзи карда, дар ин вақт номбурда ба ҳалокат мерасад. Ин нишона аз он аст, ки Мамадбокир бо ҳамаслаконаш ҳам дуруст муомила намекардааст ва агар нияти пок медошт аз дасти ҳамаслаконаш кушта намешуд.
Мо аҳли зиё ҳеҷ гоҳ тарафдори паст задани шаъну рафи инсони бегуноҳ нестем. Он ҷиноятҳое, ки номбурда дар ҳудудҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ кардааст ба мо маълум аст. Мисол, моҳи ноябри соли 2021 ки дар маркази ш.Хоруғ бетартибии омавӣ баргузор шуда буд, ин шахс даст дорад. Ҳамзамон, санаи 29.01.2022 Мамадбокиров Мамадбокир дар ҳолати масти бо ду нафар ҳаммаслакаш ба бинои Раёсати маорифи ВМКБ бе ягон далел зада даромада, сардори Раёсати маорифи вилоят Наврӯзов Лутфулоро мавриди латукӯб қарор додааст ва ӯро таҳқир намудааст. Инчунин номбурда кирдорҳои ҷиноятии худро давом дода, такроран дар дидбонгоҳи марказии шаҳри Хоруғ ба кормандони БДА итоат накарда, ҳаракати автомашинаашро давом медиҳад. Дар асоси як қатор муроҷиати шаҳвандон ва далелҳои раднашаванда бар зидди Мамадбокиров Мамадбокир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бо даъвати мақомот ба пурсиш ҳозир нашуда буд.
Мо мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим то ба ҳол тарафдори ҳеҷ як ҷинояткор набудем ва хоҳони он ҳастем, ки ҷинояткор бе ҷазо намонад. Хушбахтона дар ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу субот пойдор аст ва мо тарафдори сулҳу субот ва пойдории амният дар минтақа ва ҷаҳон мебошем.
Бигзор дигар ҳамаслакони Мамадбоқиров Мамадбоқир бо кирдорҳои анҷомдодаи худ ҷазое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст гирифта бошанд.
Қазияҳои мазкур, ки аз ҷониби ҷинояткор Умфатхонуму, Мамадбокиров Мамадбокир, Амриддин Аловатшоев ва дигар ҳамаслаконаш анҷом дода шудааст, бори дигар собит месозад, ки бояд ҳарчи зудтар ба поймолкунии волоияти қонун, бетартибиҳо ва кирдоҳои ба ҷамъият хавфноки гуруҳҳои ҷинояткорӣ дар Хоруғбуда, хотима дода шавад. Танҳо сулҳу субот ва пойдории амният имкони хуби зиндагӣ ва гулгулшукуфоии миллати мо мебошад.
Айни замон, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст метавонад дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии худро барои ҷаҳониён бо арзи сипосу ифтихор ва сари баланд нишон диҳад, ки яке аз ин дастовардҳои беназири сиёсиву таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин бемамоният ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба ҳисоб меравад ва мо халқи сарбаланди тоҷик бояд аз он ифтихор кунем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ба қадри ҳамаи кўшишу талошҳо ва заҳматҳои шабонарўзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқи тоҷик, ки баҳри пешравии кишварамон равона гардидааст, бирасем ва онро ҳифз намоем.
Дар интиҳо гуфтаниям, ки мардуми огоҳу хештаншиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, ки шоҳиди ҳодисаҳои ба амаломадаанд ба хуби фаҳмиданд, ки на ба манфиати аҳолии осоиштаи Бадахшон ва на ба манфиати кулли Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Дар фазои Ваҳат замони эҳёи давлатдории миллӣ, созандагӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки ҳазор сол баъд аз Сомониён насиби миллати тоҷик гардидааст, бояд қадру шукргузорӣ кард.
Дар ҳақикат ҷои ифтихор ва шукргузорист, ки Ватани соҳибистиқлоли мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафтаи дунё ҳамқадам гардида, ҳам аз лиҳозу тамаддуну сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва фарҳангии комил пайдо намуда истодааст.
Ғаюров Ҳ. Ш. – муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ