Унвони «Хоини миллат» ба Муҳиддин Кабирӣ, М. Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо арзанда аст
Имрўз проблемаи ифротгароии иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳалаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад. Гурўҳҳои ифротӣ соҳаҳои нав ба нави фазои иттилоотиро фаро гирифта, дар ниҳоят, ба оммаи васеъ муқаррароти аксиологии худро бомуваффақият талқин мекунанд. Зимни натиҷагирӣ, метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ғояҳои ифротӣ фароҳам меорад.
Мутаасифона ҷанги иттилоотӣ хусусияти вайрон ва ноором кардани фазои давлатро дорад. Баъд аз фирорӣ шудани Кабирӣ, М. Садриддин ва гурўҳи иғвогари ў бар зидди Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ мебаранд, зеро худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки зўри онҳо барои бар зидди давлат баромадан намерасад ва мардум онҳоро дар ин самт ҳаргиз дастгирӣ нахоҳанд кард. Мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун террористон, иғвоандозон, ватанфурўшон ва қаллобон мешиносад. Ин ватанфурӯшони миллат дар Аврупо зиндагии мухоҷирона доранд ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Ҷазои чунин афроде, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд ҳамин гуна хоҳад буд. Чунин хиёнаткоронро на Ватан ва на ҷомеъа на таърих ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Бале, унвони «Хоини миллат» ба Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони инҳо арзанда мебошад. Чунки дар хақиқат ин нафарон ба миллату Ватани аҷдодии худ бо иғвоангезӣ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, маблағҳои калонро азхуд кардааст, вале худ бо сари баланд мегардад. Рўз аз рўз корҳои нопоки ин ашхос ошкор шуда истодааст. Вале онҳо, ки ору номус надоранд, худро боз “лидер” ва хайрхохў мардумпарвар мепиндоранд. Ин нафар на инсоф доранду на мусулмонанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд.
Агар Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ватандӯст мебуду ватанро обод кардан мехост, ҳеҷгоҳ ба сари мардуму халқи худаш чунин тӯҳмат ва хиёнатро намекард. Кабирӣ ва М. Садриддин як хиёнаткоре мебошад, ки пайваста ноором сохтани вазъияти кунунии давлати моро мехоҳанд.
Хиёнате, ки ин ташкилот кард, дар таърихи инсоният нобахшиданист. Кабирӣ ва ҳизбаш хоин буд ва ҳамеша хоин мемонад. Марг бод ба чунин афрод!
Азимова Н.С.- мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ