«Толибон» бо таҳдид ҳам аз тарафи Давлати Исломӣ ва ҳам муқовимати нав рўбарў гашта истодаанд, – маърўзаи СММ

Коршиносони СММ дар маърўзаи нави худ иброз доштаанд, ки сарварони толибони афғон мутаносибан ба мустаҳкам кардани назорат аз болои кишвар, бо «Ал-Қоида» робитаи зичро нигаҳдорӣ намуда, таҳдиди асосии ҳарбӣ нисбат ба онҳо аз тарафи гуруҳи экстремистии «Давлати Исломӣ» ва ҳамлаҳои партизании собиқ кормандони хадамоти бехатарии Афғонистон ибтидо мегирад, қайд менамояд, The Washington Post.

Коршиносон дар ҳисобот ба Шўрои Бехатарии СММ арз доштанд, ки бо беҳтар гаштани обу ҳаво задухўрди ҳарбӣ тезутунд гашта метавонад, зеро ҳам «Давлати Исломӣ» ва ҳам неруҳои муқовимат бар муқобили қувваҳои толибон амалиёт анҷом медиҳанд.

Вале «на «Давлати Исломӣ» ва на «Ал-Қоида» новобаста аз азму нияташон ва ё амалҳои толибон, ки барои боздошти нуфузашон равона карда шудаанд, барои ҳуҷуми байналмилалӣ на барвақтар аз соли 2023 имкон надоранд», – арз менамояд, гуруҳи коршиносон.

Бо вуҷуди ин, қайд карда мешавад, ки «ҳузури «Давлати Исломӣ», «Ал-Қоида» ва гуруҳҳои дигари сершумори террористӣ ва ҷангиён дар замини афғон боиси нигаронӣ дар мамлакатҳои ҳамсоя ва ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст».

Дар ҳисоботе, ки рўзи панҷшанбеи гузашта ба даст оварда шуд, гуруҳе, ки аз болои риояи санксияҳо бар муқобили ҳаракати «Толибон» назорат мебарад, хабар дод, ки пешвоёни он 41 нафарро аз рўйхати сиёҳи санксияҳои СММ дар девони вазирон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намуданд ва онҳо гуруҳи дар мамлакат ҳукмфармои этникии паштуро дастгирӣ намуда, ҳуқуқу манфиатҳои ҷомеаҳои ақалият, аз ҷумла тоҷикону ўзбеконро, маҳдуд менамоянд.

Бино ба гуфтаҳои коршиносон, вазифаи асосии толибон дар он ифода меёфт, ки назоратро мустаҳкам карда, «тавассути эътирофи байналмилалӣ боз ба низоми байналимилалии молиявӣ ҳамроҳ гарданд ва бо гирифтани кўмак аз уҳдаи баратараф кардани буҳрони авҷёфтаистодаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон бароянд».

«Вале пас аз ба сари қудрат омадан  омилҳои зиёде ҷой доштанд, ки дар дохили худи ҳаракати толибон муташанниҷии дохилиро ташаккул медоданд ва чунин ҳолат боиси дарки бештари он гардид, ки идоракунии толибон бесарусомон, пароканда, дорои майли тағйирдиҳии сиёсат ва иҷро накардани ваъдаҳои додашуда мебошад», – арз доштанд онҳо.

Вобаста аз он ки толибон кўшиши аз ҳаракати ҷангҷўву шўришгар ба мақоми роҳбарикунанда табдил ёфтан мехоҳанд, онҳо ба гуруҳҳои ба ҳамдигар мухолифи прагматикҳо ва тарафдорони самти қатъӣ тақсим шуда, дар натиҷаи ин мухолифат тарафдорони самти қатъӣ дастболо гаштанд ва мехоҳанд ба замони гузашта, ба замони идоракунии бераҳмонаи гуруҳ дар солҳои 1996 то декабри соли 2001, вақте ки онҳо тавассути неруҳои америкоӣ баъди амалҳои терорристии 11 сентябр дар ИМА сарнагун карда шуда буданд, баргарданд.

Имрўз кўшишҳои онҳо барои ба даст овардани эътироф ва кўмак аз тарафи мамлакатҳои ғарбӣ, асосан бинобар ташкил накардани ҳукумати фарогир ва маҳдуд кардани ҳуқуқи духтарон ба таҳсил пас аз таҳсили ибтидоӣ ва ҳуқуқи занҳо ба кор ва саёҳат бидуни иштироки мардон (хешовандон) ба нокомӣ дучор гардид.

«Мушкилоти асосӣ дар он ифода мегардад, ки чи гуна ҳаракати мазкур бо идеологияи ғайричандир метавонад бо ҷомеае, ки дар 20 соли охир тағйир ёфтааст, ҳамкорӣ намояд», – ба худ савол медиҳанд, коршиносон. «Ихтилофоти минбаъда нисбат ба ҳокимият, захираҳо ва ҳамчунин манфиатҳои этникӣ авҷ гирифта метавонад».

Новобаста ба масъалаҳои номбаршудаи ҷиддӣ, комиссия қайд менамояд, ки толибон «ба имконияти худ дар самти идора карда тавонистани мамлакат дилпур ба назар менамоянд ва эътирофи ҷомеаи байналмилалиро бо мақсади дар ниҳоят эътироф гаштани ҳукуматашон «интизор» мегарданд.

«Бино ба андешаашон, агар ҳатто гузаштҳои ҷиддӣ накунанд ҳам, ҷомеаи байналмилалӣ дар ниҳоят онҳоро ҳамчун ҳукумати Афғонистон, алалхусус дар мавриди ҷой надоштани ҳукумати табъидӣ ва мухолифати фарогири дохилӣ, эътироф мекунад», – қайд менамоянд, коршиносон.

Алҳол ягон давлат расман ҳаракати «Толибон»-ро эътироф накардааст ва норизоии байнамилалӣ оиди муносибати онҳо бо духатаракон ва занҳо, ҳамчунин ваъдахилофиашон оид ба ташкили ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) авҷ гирифта истодааст. Ҳамчунин хавф нисбат ба ваъдахилофии толибон оиди баратараф кардани имконияти амали гуруҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон ҷой дорад.

Гуруҳ арз доштааст, ки «Шабакаи Ҳаққонӣ», гуруҳи тундрави исломӣ, ки  бо толибон алоқаи мустаҳкам дорад, пас аз ғасби ҳокимият бо тезӣ барои назорат аз болои ба даст овардани портфелҳои калидӣ ва вазоратҳо, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ, ҷосусӣ, шиносномадиҳӣ ва муҳоҷират шуруъ кардааст. Ба андешаи коршиносон шабакаи номбаршуда акнун назорати бехатарӣ дар Афғонистон, аз ҷумла бехатарии пойтахти он – Кобулро қариб пурра ба амал мебарорад.

«Шабакаи Хаққонӣ ба монанди пештара ҳамчун шабакае, ки бо «Ал-Қоида» робитаҳои мустаҳкам дорад, ҳисобида мешавад», – арз медорад, гуруҳ ва муносибатҳои байни толибон ва «Ал-Қоида» низ мустаҳкам боқӣ мондааст. Коршиносон ба иттилоот дар бораи ҳузури роҳбарияти асосии «Ал-Қоида», аз ҷумла пешвои он Аймон ал-Завоҳирӣ дар Афғонистони шарқӣ ишора менамоянд. Барои он ки ба Давлати Исломӣ муқобилият нишон дода шавад, дар ҳисобот мамлакати номбарнашуда оварда мешавад, ки тибқи арзи он толибон се баталони неруҳои таъноти махсус таъсис додаанд.

Ба иттилои гуруҳ, пайдоиши Ҷабҳаи миллии муқовимат ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки ба ҳайати он собиқ кормандони неруҳои бехатарии афғон дохил мешаванд, «Толибон»-ро барои истифодаи чораҳои таҷовузкорона бар муқобили аҳолие, ки дар дастгирии амалиёти зидди толибон гумонбар мешаванд, водор кардааст».

Моҳи апрел неруҳои Ҷабҳаи миллии муқовимат амалиётро дар музофоти Бадахшон, Бағлон, Ҷузҷон, Қундуз, Панҷшер, Тахор ва Самангон фаъол гардонидаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки ба қарибӣ таъсис дода шудааст, низ «дар бораи якчанд ҳамлаҳо ба базаҳои толибон дар Бадахшон, Қандаҳор, Парвон ва Самангон арз доштааст».

«Неруҳои толибон дар мавриди муқобилият якбора бо якчанд гуруҳҳои шўришгар бо мушкилоти ҷиддӣ рўбарў гашта метавонанд», – арз доштаанд онҳо.

Суроғаи нусхаи асли мақола аз сарчашма – centralasia.media

https://centrasia.org/newsA.php?st=1654494780

 

Тарҷумаи Шавкат Зокиров – сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии ДДҲБСТ

You might also like