МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОДГАРОӢ
Терроризм – содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва мардуми он бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, роҳбарияти кишвар ҷонибдори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст. Айнӣ замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.
Мо, тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар дошта, қасди нобудии миллатҳо ва мақсади ғулом гардонидани мардумро дорад.
Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.
Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки мардуми мо аз ин падидаҳои номатлуби асри нав, худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифратгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушду суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.
Мо мардуми тоҷик пуштибони сулҳу оромӣ, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳастем. Кӯшиши онро мекунем, ки обрубардорӣ Ватани азиз ва шаъну шарафи миллати тоҷик бошем.
Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ