НАХОД МОДАР ХОИНИ ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ ШАВАД?

Мо, устодони кафедраи забони русии ДДҲБСТ филми «Шикасти фитна»-ро тамошо намуда, ба ҳайрат афтодем. Вақто, ки баромади Мамадшоева Улфатхонимро шунидем ба ваҷҳ омадем.

Маълум шуд, ки Мамадшоева Улфатхоним ва шавҳари собиқаш, генерал Холбаш Холбашов дар нооромиҳои Хоруғу Рӯшон, Рошқаъла ва ташкили бесарусомонҳо дар ин ҳудуд айбдор мебошанд.

Умуман, зан, модар бояд асас ва таҳкимгари зиндагии хушбахт бошад. Аммо Мамадшоева Улфатхоним дар ҳаёти худ ба чунин амалиётҳои нанговар даст задааст, ки ба ақли шахс ҷой шуда наметавонад.

Мамадшоева Улфатхоним бо ҳаммаслаконаш аз паси пул шуда, дар ҳаҷми 400.ҳазор сомони шуда, миллат, давлат, халқ, оила, фарзанд, иззату обрӯи худро фурӯхтааст. Мамадшоева Улфатхонимро аз филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ», ки нақши Ниссоро иҷро намудааст, мо мешинохтем ва бо ӯ фахр мекардем. Ҳоло бошад амалҳои нанговари ӯро дидаву шунида, нафратамон меояд.

Чӣ хеле ки дар навор дидем ӯ бо шахсони номаълуми хориҷӣ ҳамсӯҳбат шуда, бо нақшаҳои ғаразанаи худ халқи Хоруғ, Рӯшон, Роштқаъла муқобили  давлати худ, яъне хонаи худ бархезонидааст, дар натиҷа бисёр ҷавонон кушта шуда, оилаҳо бесаробон мондаанд.

Улфатхоними хоин дар бораи кору рафтори ношоистаи нанговари худ нақл менамояд. Наход, зан, модар таҳкимгари оила  ба чунин амалиётҳои нанговар даст занад.

Дар халқ беҳуда занро чароғу гармии хонадон нагуфтаанд.  Ин хоин бошад ба ҷои мустаҳкам намудани оилаҳо ва тарбия намудани фарзандон дар руҳи хештаншиносӣ, илму маданият, фарҳангу меҳанпарастӣ ба ин кору амалиёти нангин даст задааст. Чунин шахсон на фақат дар ҳудуди Помир, Тоҷикистону тоҷикистониён, балки барои Аврупову тамоми рӯи замин хатарнок буда, хоин ҳисобида мешавад.

Чаро Мамадшоева Улфатхоним ва ҳаммаслаконаш ба қадри сулҳ, ваҳдат, истиқлолият, меҳан намерасанд.

Бояд ба қадр ин сулҳу субот расем ва бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистони  соҳибистиқолро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Атоева М.М. – дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like