БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум гардид, санаи 22.05.2022 тахмин соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич аз ҷониби ҳаммаслакони кушта шуд.

Инчунин, маълум гардидааст, ки Мамадбоқиров М.К. пайваста аз таъқиби ҷиноятӣ фирор мекард ва дар ҳудуди маҳалли зисташ ҷавонони гумроҳро мусаллаҳ намуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил мекард. Чандин маротиба роҳи байналмилалии «Кулма-Мурғоб-Хоруғ»-ро баста, ба иқтисодиёти кишвар миллионҳо сомонӣ зарар расонидааст.

Дар баробари ин аз тарарфи ҷинояткор Мамадбоқиров Мамадбоқир барои амалҳои ношоистааш беш аз 35 парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушода шуда, аммо номбурда ҳар як дафъа аз даъват саркашӣ намуда, ба ақомоти тафтишот ҳозир намегардид.

Мафкураи ҷинояткоронаи Мамадбоқиров М.К. боис гардид, ки ӯ бо ҳаммаслакони ҷинояткораш ба муноқиша даст зад. Зимни муноқиша, Мамадбоқиров М.К. ва чанде аз ҳаммаслаконаш аз силоҳи оташфишон ҳадафи тир қарор гирифта, охирин кушта шуд.

Тавре дар урфият мегўянд «бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…». Ин шахси бадхоҳу хиёнаткор барои амалҳои ношостаи худ ҳам ба давлат ва ҳамсабақони худ, ки даст ба амалҳои террористию эктсримистӣ, шомил кардани ҷавонон ва гумроҳ кардани онҳо ва то ҳатто куштори онҳо боиси аз тарафи ҳаммаслаконаш кушта шудааст.

Қайд кардан зрур аст, ки ў бо террористон ва хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом ҳамкории зич дошта, бо маслиҳати ҳамешагии аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии паймони миллӣ танҳо ба нооромсозии авзои ҷомеа кӯшиш мекард.

Мардум бошад чунин амалҳои ношоистагонро маҳкум дошта, баръакс бар зидди онҳо мубориза намуда истодаанд, то ки дигарон аз онҳо озор набинанд.

 

Орипов А.А. –декани факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like