Пешгирӣ аз ғарқшавӣ ва ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, риояи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамзамон пешгирӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ бо иштироки ҷавонон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2- и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Дар мулоқот сардори шӯъбачаи тарғиботиву ташвиқотии ШБДА-и РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Карим Раҳимзода ва сардори  шӯъбаи оперативӣ ва сафарбарии РКҲФ ва МГ дар вилояти Суғд Нуралиев Зуҳриддин иштирок намуданд. Мулоқотро муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва мавзӯи мулоқотро барои донишҷӯён муфид маънидод намуд.

Сипас, намояндаи шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят Карим Раҳимзода перомуни вазъи садаманокӣ дар вилоят изҳори назар кард. Иброз шуд, ки мутаассифона ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ки боиси марги шаҳрвандон мегардад, ташвишовар аст. Дар баъзан маврид ҷавонон низ сари чанбарак нишаста ба қоидавайронкуниҳои дағал роҳ медиҳанд, ки бо оқибатҳои нохуш анҷом меёбад. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо нақлиёт ба дарсҳо наоянд ва дар пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ саҳмгузор бошанд.

Намояндаи раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд Зуҳриддин Нуралиев вобаста ба ҳудуди обии вилоят ва мавсими оббозиву ғарқшавӣ ба иштирокчиён сӯҳбат намуд. Бино ба маълумоти ӯ дар мавсими оббозӣ сокинон махсусан донишҷӯён дар баробари обутобгоҳҳо дар ҷойҳои манъшуда ба оббозӣ машғул мегарданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар ғарқшудагон зимни оббозӣ дар ҷойҳои номумкин ба оббозӣ машғул гардидаанд ва қоидаҳои оббозиро сарфи назар кардаанд, илова кард мутахассис. З.Нуралиев аз иштирокчиён даъват намуд, ки дар ҷойҳои муқарраргардида, обутобгоҳҳо ҳавзаҳои шиноварӣ ба оббозӣ машғул гарданд ва бехатарии онро ба дигар қишри ҷомеа низ тавсия диҳанд.

Мулоқоти судманд бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ хотима ёфт.

 

You might also like